10 То ки муқаддасро аз ғайримуқаддас, ва наҷисро аз пок битавонед фарқ кунед,
Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: «Агар ту баргардӣ, Ман туро қабул хоҳам кард, он гоҳ ба ҳузури Ман хоҳӣ истод; ва агар гаронбаҳоро аз ночиз берун оварӣ, мисли даҳони Ман хоҳӣ буд; онҳо назди ту хоҳанд баргашт, вале ту назди онҳо нахоҳӣ баргашт.
Коҳинони он шариати Маро поймол, ва чизҳои муқаддаси Маро палид месозанд, чизи муқаддасро аз ғайримуқаддас ҷудо намекунанд, ва чизи палидро аз пок фарқ наменамоянд, ва аз шанбеҳои Ман чашми худро мепӯшанд, ва Ман андаруни онҳо беҳурмат шудаам.
Ва фарқи байни чизи муқаддас ва ғайримуқаддасро бояд ба қавми Ман таълим диҳанд, ва фарқи байни чизи палид ва покро ба онҳо бифаҳмонанд;
То ки наҷис аз пок, ва ҳайвони хӯрдашаванда аз ҳайвони хӯрданашаванда фарқ карда шавад.
Ва коҳин варо мебинад, ва инак, варами захми сафеди сурхтобе бар ҷои бемӯи ақраъ ё тоссар намоён аст, ки ба намуди махави пӯсти бадан монанд аст, —
Барои таълим додани он ки кадом вақт ин наҷис аст, ва кадом вақт ин пок аст. Ин аст қонун дар бораи махав.
Барои покон ҳама чиз пок аст; вале барои палидон ва беимонон ҳеҷ чиз пок нест, балки ҳам хиради онҳо ва ҳам виҷдонашон палид гардидааст.