Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 1:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ва ӯ амъои он ва почаҳои онро бо об мешӯяд, ва коҳин ҳар он чиро, ки бар қурбонгоҳ мебошад, месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 1:9
35 Iomraidhean Croise  

Ва Худованд атри гуворо бӯид, ва Худованд дар дили Худ гуфт: «Заминро бори дигар аз боиси одамизод лаънат накунам, зеро ки андешаи дили одам аз наврасии ӯ бад аст; ва ҳамаи ҷонваронро бори дигар талаф накунам, чунон ки кардам.


Ибни Элқоно, ибни Ерӯҳом, ибни Алиил, ибни Тӯаҳ,


Ва даҳ лаган сохт, ва аз онҳо панҷ ададро ба тарафи рост, ва панҷ ададро ба тарафи чап гузошт, то ки дар онҳо шустушӯ кунанд, — он чиро, ки ба қурбонии сӯхтанӣ тааллуқ дошт, дар онҳо мешустанд; ва ҳавз барои он буд, ки коҳинон дар он шустушӯ намоянд.


Ҳар гуна суханони фосидонаро дӯст медорӣ, эй забони ҳилагар!


Аз он хом, ё дар об пухта нахӯранд, балки ба оташ бирьён шуда бошад, бо каллаю почаҳояш ва дилу дарунаш.


Ва тамоми қӯчқорро бар қурбонгоҳ бисӯзон, — ин қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд аст, ин атри гуворо, қурбонии оташин барои Худованд аст.


Ва инро аз дасти онҳо гирифта, бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ бисӯзон, то ки атри гуворо ба ҳузури Худованд бошад, чунки ин қурбонии оташин барои Худованд аст.


Дили худро аз шарорат шустушӯй намо, эй Ерусалим, то ки наҷот ёбӣ; то ба кай фикру хаёлҳои бади ту андаруни ту сокин бошад?


Ҳангоме ки Ман онҳоро ба замине овардам, ки дасти Худро боло бардошта будам, то онро ба онҳо бидиҳам, онҳо ҳар теппаи баланд ва ҳар дарахти сершохаро дида, қурбониҳои худро дар он ҷо забҳ карданд, ва қурбониҳои ғазабангези худро ба он ҷо оварданд, ва атри гуворои худро дар он ҷо гузоштанд, ва хадияҳои рехтании худро дар он ҷо рехтанд.


Ҳангоме ки шуморо аз миёни кавмҳо берун оварам, ва шуморо аз кишварҳое ки дар онҳо пароканда шудаед, ҷамъ кунам, он гоҳ ба атри гуворои шумо таваҷҷӯҳ хоҳам намуд, ва ба воситаи шумо пеши назари халқҳо қудсият хоҳам ёфт.


Ва назди аркони дарвозаҳо утоқе буд, ки дари даромад дошт; дар он ҷо қурбониҳои сӯхтаниро мешустанд.


Ва ӯ амъо ва почаҳоро бо об мешӯяд; ва коҳин ҳамаашро наздик оварда, бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст.


Ва онро аз миёни болҳояш чок мекунад, вале аз ҳам ҷудо намекунад, ва коҳин онро бар қурбонгоҳ бар ҳезуме ки бар оташ мебошад, месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст.


Ва коҳин ҳиссаи ёдгории онро аз ярмаи он ва аз равғани он, бо тамоми лебӯнои он месӯзонад, — ин қурбонии оташин барои Худованд аст.


Ва онро ӯ ба писарони Ҳорун, коҳинон, мебиёрад, ва коҳин аз он, яъне аз орди маҳинаш, ва равғанаш, бо тамоми лебӯнояш, як мушти пур мегирад, ва онро ҳамчун ҳиссаи ёдгорӣ бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.


Ва коҳин аз ҳадияи ордӣ ҳиссаи ёдгории онро бардошта, бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.


Ва коҳин онро бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин хӯроки қурбонии оташин аст барои Худованд.


Ва писарони Ҳорун онро бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ бар ҳезуме ки бар оташ мебошад, месӯзонанд, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.


Ва тамоми чарбуи онро ҷудо мекунад, чунон ки чарбуи забҳи саломатӣ ҷудо карда мешавад; ва коҳин онро бар қурбонгоҳ ҳамчун атри гуворо барои Худованд месӯзонад; ва коҳин гуноҳи ӯро кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


Ва ин аст қонун дар бораи ҳадияи ордӣ: писарони Ҳорун бояд онро ба ҳузури Худованд бар қурбонгоҳ тақдим намоянд.


Ва амъо ва почаҳоро бо об шуст; ва Мусо тамоми қӯчқорро бар қурбонгоҳ сӯзонид: ин қурбонии сӯхтанӣ ҳамчун атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд буд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.


Ва Мусо инҳоро аз кафҳои онҳо гирифта, бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ сӯзонид: ин қурбонии гумоштанӣ барои атри гуворо буд, ин қурбонии оташин барои Худованд буд.


Ва амъо ва почаҳоро шуста, бо қурбонии сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ сӯзонид.


«Эй шамшер! Ба муқобили чӯпони Ман ва ба муқобили марде ки ҳамдами Ман аст, бархез, мегӯяд Худованди лашкарҳо; Чӯпонро бизан, ва гӯсфандон пароканда хоҳанд шуд, ва Ман дасти Худро бар хурдон хоҳам нигаронид.


Ва қурбонии оташин барои Худованд бихоҳед тақдим намоед, чи қурбонии сӯхтанӣ, чи забҳе барои иҷрои назр, ё барои хайрот, ё дар идҳои худ, то ки атри гуворо барои Худованд аз говон ё аз гӯсфандон ба амал оваред, —


Ва дар навмоҳҳои худ қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд тақдим намоед: ду наргови ҷавон, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксолаи беайб,


Ва ҳадияи рехтании он чорьяк ҳин барои ҳар барра аст; ин ҳадияи рехтании шаробро барои Худованд дар макони муқаддас бирез.


Ва барраи дигарро шомгоҳ тақдим намо; мисли ҳадияи ордии субҳ ва мисли ҳадияи рехтании он тақдим намо, то ки қурбонии оташин ва атри гуворо барои Худованд бошад.


Зеро ки мо барои Худо накҳати Масеҳ ҳастем, ҳам дар миёни наҷотьёбандагон ва ҳам дар миёни нобудшавандагон:


Ва дар муҳаббат рафтор кунед, чунон ки Масеҳ низ ба мо муҳаббат дошт ва Худро барои мо, ҳамчун ҳадия ва қурбонӣ ба Худо, ҳамчун бӯи муаттар таслим намуд.


Ва қурбониҳои сӯхтании худро, яъне гӯшт ва хуни онҳоро, бар қурбонгоҳи Худованд Худои худ тақдим намо; ва хуни забҳҳои худро бар қурбонгоҳи Худованд Худои худ бирез, ва гӯшти онҳоро бихӯр.


Ман ҳамаашро гирифтам ва ба қадри барзиёд дорам; ва ман аз ҳар чиз пур гаштам, вақте ки ҳадияи фиристодаи шуморо, ҳамчун бӯи муаттар, ҳамчун қурбонии хуши писандидаи Худо, аз дасти Эпафрӯдитус гирифтам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan