8 Ва писарони Ҳорун, коҳинон, ин андом, калла ва чарбуро бар ҳезуме ки бар оташи рӯи қурбонгоҳ мебошад, мечинанд.
Бигзор ба мо ду гов диҳанд, ва онҳо бигзор як говро барои худ интихоб намоянд, ва онро пора‐пора карда, бар ҳезум монанд, вале оташ нагузоранд; ва ман гови дигарро тайёр карда, бар ҳезум мемонам, вале оташ намегузорам.
Ва ҳезумро ҷо ба ҷо монд; ва говро пора‐пора карда, бар ҳезум гузошт.
Ва чангақҳо ба дарозии як қабза дар гирдогирди хона овезон буд, ва гӯшти қурбониҳо бар мизҳо буд.
Ва ӯ онро ба андоми он пора карда, каллааш ва чарбуяшро ҷудо мекунад, ва коҳин онҳоро бар ҳезуме ки бар оташи рӯи қурбонгоҳ мебошад, мечинад.
Ва ӯ аз забҳи саломатӣ инҳоро ҳамчун қурбонии оташин барои Худованд тақдим менамояд: чарбуе ки амъоро мепӯшонад, ва тамоми чарбуе ки бар амъо мебошад,
Ва ду гурда, ва чарбуе ки бар онҳо то худи ронҳо мебошад, ва қабати чарбуе ки бар ҷигар аст, — бигзор онро бо гурдаҳо ҷудо кунад.