6 Ва ӯ қурбонии сӯхтаниро пӯст канда, ба андоми он пора мекунад.
Ва Худованд Худо барои Одам ва зани ӯ либос аз пӯст сохт ва онҳоро пӯшонид.
Ва ҳезумро ҷо ба ҷо монд; ва говро пора‐пора карда, бар ҳезум гузошт.
Ва чангақҳо ба дарозии як қабза дар гирдогирди хона овезон буд, ва гӯшти қурбониҳо бар мизҳо буд.
Ва писарони Ҳоруни коҳии бар қурбонгоҳ оташ гузошта, ҳезум бар оташ мечинанд.
Онро реза карда, равған бар он бирез; ин ҳадияи ордист.
Ва коҳине ки қурбонии сӯхтании касеро тақдим менамояд, пӯсти он қурбонии сӯхтание ки ӯ тақдим намудааст, аз они ҳамин коҳин хоҳад буд.