Ва он бар пешонии Ҳорун хоҳад буд; ва Ҳорун нуқси қурбониҳои муқаддасеро, ки банӣ‐Исроил бо ҳамаи ҳадияҳои муқаддаси худ тақдис менамоянд, хоҳад бардошт, ва он бар пешонии ӯ доимо хоҳад буд, то ки онҳо ба ҳузури Худованд таваҷҷӯҳ ёбанд.
Ва як гӯсфанд аз рамаи дорои дусад сар гӯсфанд аз чарогоҳи сероби Исроил, барои ҳадияи ордӣ ва қурбонии сӯхтанӣ ва қурбониҳои саломатӣ бидиҳанд, то ки барояшон кафорат гардад, мегӯяд Худованд Худо.
Ҳафтод ҳафтсола барои қавми ту ва барои шаҳри муқаддаси ту муқаррар карда шудааст, то ки ҷиноят хотима ёбад, ва гуноҳ нест шавад, ва маъсият кафорат шавад, ва адолати ҷовидонӣ барқарор шавад, ва рӯъёи набӣ муҷассам гардад, ва қудси қудсҳо тадҳин карда шавад.
Ва Ҳорун ду дасти худро бар сари нарбузи зинда мемонад, ва бар он ҳамаи хатоҳои банӣ‐Исроил ва ҳамаи ҷиноятҳои онҳо ва ҳамаи гуноҳҳои онҳоро эътироф менамояд, ва онҳоро бар сари нарбуз мегузорад, ва онро ба воситаи шахси махсус ба биёбон мефиристонад.
Ва бадани худро дар макони муқаддас дар об ғусл медиҳад, ва либосҳои худро мепӯшад, ва берун омада, қурбонии сӯхтании худаш ва қурбонии сӯхтании қавмро тақдим мекунад, ва худаш ва қавмро кафорат менамояд;
Ва дасти худро бар сари қурбонии худ мемонад, ва онро назди дари хаймаи ҷомеъ забҳ мекунад; ва писарони Ҳорун, коҳинон, хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.
Ва бо ин гӯсола ончунон амал мекунад, ки бо гӯсолаи қурбонии гуноҳ амал кард; бо он бояд ҳамин тавр амал кунад, то ки коҳин гуноҳи онҳоро кафорат намояд, ва онҳо омурзида хоҳанд шуд.
Ва он гӯсоларо назди дари хаймаи ҷомеъ ба ҳузури Худованд мебиёрад, ва дасти худро бар сари гӯсола мемонад, ва гӯсоларо ба хузури Худованд забҳ мекунад;