Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 1:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Агар қурбонии ӯ қурбонии сӯхтание аз гала бошад, бигзор чорпои нари беайбро тақдим намояд; онро назди дари хаймаи ҷомеъ тақдим намояд, то ки ба ҳузури Худованд таваҷҷӯҳ ёбад.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 1:3
79 Iomraidhean Croise  

Ва Иброҳим чашм андохта, дид: инак, дар қафо қӯчқоре бо шохҳояш дар бешае андармон шудааст; ва Иброҳим рафта, қӯчқорро гирифт, ва дар ивази писараш онро барои қурбонии сӯхтанӣ баровард.


Ва гуфт: «Писари худро, ки ягонаи туст, ва ӯро дӯст медорӣ, яъне Исҳоқро бигир; ва ба замини Мӯриё бирав, ва дар он ҷо ӯро бар яке аз кӯҳҳое ки ба ту хоҳам гуфт, барои қурбонии сӯхтанӣ барор».


Ва Иброҳим гуфт: «Эй писарам, Худо барраи қурбониро барои Худ ҳозир хоҳад кард». Ва ҳар ду якҷоя рафтан гирифтанд.


Ва Нӯҳ қурбонгоҳе барои Худованд бино кард; ва аз ҳар чорпои пок, ва аз ҳар паррандаи пок гирифта, қурбониҳои сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ гузаронид.


Ва шумораи қурбонии сӯхтание ки ҷамоат оварданд, ҳафтод гов, сад қӯчқор ва дусад барра буд; ҳамаи инҳо қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд буд.


Ва он чиро, ки барои қурбонии сӯҳтанӣ буд, ҷудо карданд, то онро мувофиқи тақсимоти хонаводаҳо ба фарзандони қавм бидиҳанд, то ки онҳо, бар тибқи он чи дар китоби Мусо навишта шудааст, барои Худованд қурбонӣ кунанд; бо говон низ чунин амал карданд.


Кори Ӯ шукӯҳ ва шавкат аст; ва адолати Ӯ то абад қоим аст.


Ҳамаи бадхоҳонам бо ҳамдигар дар ҳаққи ман пичир‐пичир мекунанд, бар зидди ман бадӣ меандешанд:


Барраи шумо бояд беайб, наринаи яксола бошад; аз гӯсфандон ва бузон онро бигиред.


Ва ҷавононро аз миёни банӣ‐Исроил фиристод, ва онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим намуданд, ва қурбониҳои саломатӣ аз говон барои Худованд забҳ карданд.


Ва тамоми қӯчқорро бар қурбонгоҳ бисӯзон, — ин қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд аст, ин атри гуворо, қурбонии оташин барои Худованд аст.


Ва Ҳорун ва писаронашро назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ биёр, ва онҳоро дар об ғусл деҳ.


Ин — қурбонии сӯхтании доимӣ дар наслҳои шумо назди даромадгоҳи хаймаи ҷомеъ ба хузури Худованд хоҳад буд, ки дар он ҷо ба шумо зоҳир хоҳам шуд, то ки дар он ҷо ба ту сухан гӯям.


Ва фардои он бармаҳал бархоста, қурбониҳои сӯхтанӣ тақдим намуданд, ва қурбониҳои саломатӣ забҳ карданд; ва қавм барои хӯрдан ва нӯшидан нишастанд, ва барои рақсу бозӣ бархостанд.


Ва ҳар касе ки дилаш моил буд, ва ҳар касе ки рӯҳаш ӯро далолат менамуд, омада, ҳадияи Худовандро барои кори хаймаи ҷомеъ, ва барои тамоми хизмати он, ва барои либосҳои муқаддас меоварданд.


Ҳамаи мардон ва занони банӣ‐Исроил, ки дилашон моил буд барои ҳар коре биёранд, ки ба ҷо овардани онро Худованд ба воситаи Мусо амр фармуда буд, ҳадияи ихтиёрӣ барои Худованд меоварданд.


Аз ҷониби худ ҳадияе барои Худованд бигиред; ҳар касе ки дилаш моил аст, бигзор ҳадияи Худовандро биёрад: тилло, ва нуқра, ва мис,


Ва тамоми ҳадияеро, ки банӣ‐Исроил барои эҳтиёҷоти хизмати қудс оварда буданд, аз пеши Мусо гирифтанд, то ки кор кунанд, ва ҳар субҳ боз назди ӯ ба таври ихтиёрӣ ҳадияҳо меоварданд.


Ва қурбонгоҳи қурбонии сӯхтаниро аз чӯби ақоқиё сохт, ки дарозияш панҷ зироъ, ва фарохияш панҷ зироъ, яъне мураббаъ буд; ва қадаш се зироъ.


«Қурбониҳои бисьёри шумо ба Ман чӣ лозим аст? — мегӯяд Худованд. — Аз қурбониҳои сӯхтании қӯчқорҳо ва чарбуи парвориён сер шудаам, ва ба хуни нарговҳо, гӯсфандҳо ва такаҳо рағбат надорам.


Зеро ки бар кӯҳи муқаддаси Ман, бар кӯҳи баланди Исроил, — мегӯяд Худованд Худо, — тамоми хонадони Исроил, ҳамаи онҳое ки дар замин сокин бошанд, Маро дар он ҷо ибодат хоҳанд кард, ва Ман дар он ҷо ба онҳо таваҷҷӯҳ хоҳам намуд, ва дар он ҷо пешкашҳои шумо ва навбарҳои бахшишҳои шуморо бо ҳар чизе ки тақдис менамоед, хоҳам талабид.


Ва дар равоқи дарвоза ду миз аз ин тараф ва ду миз аз он тараф буд, то ки бар онҳо қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои гуноҳ ва қурбониҳои ҷурмро забҳ кунанд.


Ва агар қурбонии ӯ аз рама, яъне аз гӯсфандон ё аз бузон бошад, бигзор барои қурбонии сӯхтанӣ чорпои нари беайбро тақдим намояд.


Ва дар рӯзи ҳаштум ду барраи беайб, ва як меши яксолаи беайб, ва се ушр орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ордӣ, ва як лӯҷ равған мегирад.


Ва ду нарбузро мегирад, ва онҳоро ба ҳузури Худованд, назди дари хаймаи ҷомеъ мегузорад.


Ва онро ба дари хаймаи ҷомеъ намебиёрад, то ки барои Худованд, пеши маскани Худованд қурбонӣ кунад, — ин барои он кас хун ҳисоб хоҳад ёфт: вай хун рехтааст, ва он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд,


Ва ба онҳо бигӯ: ҳар касе ки аз хонадони Исроил, ва аз ғарибоне ки дар миёни онҳо маскан гирифтаанд, қурбонии сӯхтанӣ ё забҳе тақдим намояд,


Вале онро ба дари хаймаи ҷомеъ наоварад, то ки онро барои Худованд тақдим намояд, — он кас аз миёни қавми худ маҳв хоҳад шуд.


Ва дар рӯзе ки шумо он бандро меҷунбонед, барраи яксолаи беайбе барои қурбонии сӯхтанӣ ба Худованд тақдим намоед.


Ва бо ин нон ҳафт барраи беайби яксола, ва як гӯсолаи нар, ва ду қӯчқор тақдим намоед; инҳо қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд хоҳад буд, ва ҳадияҳои ордӣ ва рехтании онҳо — қурбонии оташин ва атри гуворо барои Худованд.


Ва агар қурбонии касе забҳи саломатӣ бошад, — агар ӯ аз говони хоҳ нар ва хоҳ мода тақдим намояд, — бигзор беайби онҳоро ба ҳузури Худованд тақдим намояд.


Ва пирони ҷамоат дастҳои худро бар сари гӯсола ба ҳузури Худованд мемонанд, ва гӯсоларо ба ҳузури Худованд забҳ мекунанд.


Ва гуноҳе ки кардааст, баъдтар ба ӯ ошкор гардад, — бигзор нарбузи беайбе барои қурбонӣ тақдим намояд.


Агар коҳини тадҳиншуда гуноҳе карда, сабаби гуноҳкор шудани қавм гардида бошад, — бигзор барои гуноҳе ки кардааст, гӯсолаи беайберо аз галаи говон барои қурбонии гуноҳ ба Худованд тақдим намояд.


Ва агар ӯ бихоҳад гӯсфанде барои қурбонии гуноҳи худ тақдим намояд, бояд меши беайбе тақдим намояд.


«Агар касе хиёнат намуда, саҳван дар ҳаққи чизҳои муқаддаси Худованд гуноҳ кунад, бигзор ҳамчун курбонии ҷурми худ аз рама, дар асоси қиматдиҳии ту бо сиқлҳои нуқра, мувофиқи сиқли муқаддас, қӯчқори беайбе барои қурбонии ҷурм ба Худованд тақдим намояд;


Ва бигзор аз рама, дар асоси қиматдиҳии ту, қӯчқори беайбе барои қурбонии ҷурм назди коҳин биёрад; ва коҳин саҳверо, ки ӯ кардааст, вале надонистааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.


«Агар касе гуноҳ кунад, ва дар ҳаққи Худованд хиёнат намояд, ва ба ёри худ дар бобати амонат, ё гарав, ё моли дуздӣ мункир шавад, ё ёри худро фиреб кунад,


Ва Худованд ба Мусо сухан ронда, гуфт:


Ва агар забҳи қурбонии ӯ аз рӯи назр ё хайрот бошад, забҳи ӯ бояд дар рӯзи қурбонӣ шуданаш хӯрда шавад; ва бақияи онро рӯзи дигар хӯрдан мумкин аст.


Ва қӯчқори қурбонии сӯхтаниро наздик овард, ва Ҳорун ва писаронаш дастҳои худро бар сари қӯчқор монданд.


Ва амъо ва почаҳоро бо об шуст; ва Мусо тамоми қӯчқорро бар қурбонгоҳ сӯзонид: ин қурбонии сӯхтанӣ ҳамчун атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд буд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.


Ва ба Ҳорун гуфт: «Гӯсолаи наре барои қурбонии гуноҳ ва қӯчқоре барои қурбонии сӯхтанӣ бигир, ки ҳар ду беайб бошанд, ва ба ҳузури Худованд тақдим намо.


«Эй шамшер! Ба муқобили чӯпони Ман ва ба муқобили марде ки ҳамдами Ман аст, бархез, мегӯяд Худованди лашкарҳо; Чӯпонро бизан, ва гӯсфандон пароканда хоҳанд шуд, ва Ман дасти Худро бар хурдон хоҳам нигаронид.


Ва малъун бод фиребгаре ки қӯчқори хубе дар рамаи худ дорад, ва назр намудааст, вале ҳайвони маъюберо барои Худованд курбонӣ мекунад, зеро ки Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо, Подшоҳи бузург ҳастам, ва исми Ман дар миёни халқҳо саҳмгин аст.


Ва қурбонии оташин барои Худованд бихоҳед тақдим намоед, чи қурбонии сӯхтанӣ, чи забҳе барои иҷрои назр, ё барои хайрот, ё дар идҳои худ, то ки атри гуворо барои Худованд аз говон ё аз гӯсфандон ба амал оваред, —


Ва агар наргови ҷавоне барои қурбонии сӯхтанӣ ё барои забҳи иҷрои назр ё забҳи саломатӣ ба Худованд тақдим намоӣ, —


«Ин аст фаризаи шариат, ки Худованд амр фармуда, мегӯяд: ба банӣ‐Исроил бигӯ, ки модагови сурхи комиле ки айбе надошта бошад, ва юғ бар гарданаш гузошта нашуда бошад, назди ту биёранд.


Худо одамизод нест, ки дурӯғ бигӯяд, ва писари одам нест, ки аз ваъдаи худ пушаймон шавад: оё Ӯ сухане мегӯяд — ва ба ҷо намеоварад? Ва оё Ӯ қавле медиҳад — ва иҷро намекунад?


Ва Болоқ ба Билъом гуфт: «Лутфан, биё, то ки туро ба макони дигаре бибарам; шояд, он ба назари Худо писанд ояд, ва ту аз он ҷо онҳоро барои ман лаънат намоӣ».


Ва Билъом ба Болоқ гуфт: «Назди қурбонии сӯхтании худ биист, ва ман меравам: шояд, Худованд ба пешвози ман биёяд, ва ҳар чи Ӯ ба ман зоҳир намояд, ба ту хоҳам гуфт». Ва ӯ ба баландие баромад.


Ва Болоқ ончунон ки Билъом гуфт, амал кард, ва бар ҳар қурбонгоҳ наргове ва қӯчқоре тақдим намуд.


Ва дар навмоҳҳои худ қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд тақдим намоед: ду наргови ҷавон, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксолаи беайб,


Ва қурбонии оташин, қурбонии сӯхтанӣ барои Худованд тақдим кунед: ду наргови ҷавон, як қӯчқор ва ҳафт барраи нари яксола; бигзор онҳо барои шумо беайб бошад.


Онҳоро ба иловаи қурбонии сӯхтании доимӣ ва ҳадияи ордии он тақдим намоед; бо ҳадияи рехтании онҳо; онҳо барои шумо беайб бошад.


Ва қурбонии сӯхтанӣ, қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд тақдим кунед: сездаҳ наргови ҷавон, ду қӯчқор ва чордаҳ барраи нари яксола, ки беайб бошад.


Ва қурбонии сӯхтание ҳамчун атри гуворо барои Худованд тақдим кунед: як наргови ҷавон, як қӯчқор, ҳафт барраи нари яксолаи беайб;


Фаришта дар ҷавоби вай гуфт: «Рӯҳулқудс бар ту хоҳад омад, ва қуввати Ҳаққи Таоло бар ту соя ҳоҳад афканд; бинобар ин он мавлуди Муқаддас ҳам Писари Худо номида ҳоҳад шуд;


Чун дид, ки Исо аз он ҷо мегузарад, гуфт: «Инак Барраи Худо».


Боз Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Ман барои гӯсфандон дар ҳастам.


Ман дар ҳастам: ҳар кӣ ба василаи Ман дохил шавад, наҷот меёбад, ва ба дарун ва берун меравад, ва чарогоҳ пайдо мекунад.


Зеро, кас агар ҳиммат дошта бошад, аз рӯи он чи ӯ дорад, мақбул меафтад, на аз рӯи он чи ӯ надорад.


Бигзор ҳар кас ба дилхоҳи худ бидиҳад, на бо ғамгинӣ ва на ба таври маҷбурӣ; зеро Худо он касро дӯст медорад, ки сахӣ бошад.


Зеро ба воситаи Ӯ ҳар дуи мо иҷозат дорем, ки дар як Рӯҳ ба Падар наздик шавем.


Ва ба ҳузури Худ Калисоро дар ҷалоле тақдим кунад, ки на доғе дошта бошад, на нуқсоне, на чизе монанди ин, балки муқаддас ва беайб бошад.


Ва қурбониҳои сӯхтании худро, яъне гӯшт ва хуни онҳоро, бар қурбонгоҳи Худованд Худои худ тақдим намо; ва хуни забҳҳои худро бар қурбонгоҳи Худованд Худои худ бирез, ва гӯшти онҳоро бихӯр.


Вале агар он ягон айбе дошта бошад, яъне ланг ё кӯр бошад, ё ҳар гуна нуқсони дигараш бошад, онро барои Худованд Худои худ забҳ накун.


Гов ва гӯсфандеро, ки айбе ё нуқсони дигаре дошта бошад, барои Худованд Худои худ забҳ накун, зеро ки он дар назари Худованд Худои ту зишт аст.


Зеро ки мо ба чунин Саркоҳин эҳтиёҷ дорем: муқаддас, аз бадӣ дур, беайб, аз гуноҳкорон ҷудо ва аз афлок болотар баромада,


Чӣ қадар бештар Хуни Масеҳ, ки ба василаи Рӯҳи абадӣ Зоти беайби Худро ба Худо тақдим намуд, виҷдони моро аз аъмоли беҷон татҳир хоҳад кард, то ки Худои Ҳай ва ҳақиқиро ибодат намоем!


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan