Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 1:17 - Китоби Муқаддас 1992 1999

17 Ва онро аз миёни болҳояш чок мекунад, вале аз ҳам ҷудо намекунад, ва коҳин онро бар қурбонгоҳ бар ҳезуме ки бар оташ мебошад, месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 1:17
20 Iomraidhean Croise  

Ӯ ин ҳамаро гирифт, ва онҳоро дупора кард, ва ҳар пораро рӯ ба рӯи ҷуфташ гузошт; фақат мурғонро пора накард.


Ва Худованд атри гуворо бӯид, ва Худованд дар дили Худ гуфт: «Заминро бори дигар аз боиси одамизод лаънат накунам, зеро ки андешаи дили одам аз наврасии ӯ бад аст; ва ҳамаи ҷонваронро бори дигар талаф накунам, чунон ки кардам.


Амъояшон чарбу баста, даҳонашон суханони мағрурона мегӯяд.


Ва ӯ амъо ва почаҳоро бо об мешӯяд; ва коҳин ҳамаашро наздик оварда, бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии сӯхтанӣ, ҳадияи оташин, атри гуворо барои Худованд аст.


Ва онро ӯ ба писарони Ҳорун, коҳинон, мебиёрад, ва коҳин аз он, яъне аз орди маҳинаш, ва равғанаш, бо тамоми лебӯнояш, як мушти пур мегирад, ва онро ҳамчун ҳиссаи ёдгорӣ бар қурбонгоҳ месӯзонад, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.


Ва писарони Ҳорун онро бар қурбонгоҳ бо қурбонии сӯхтанӣ бар ҳезуме ки бар оташ мебошад, месӯзонанд, — ин қурбонии оташин, атри гуворо барои Худованд аст.


Ва ӯ онҳоро назди коҳин мебиёрад, ки вай ҳамонро, ки барои қурбонии гуноҳ аст, аввал тақдим намуда, каллаашро аз пушти гарданаш мешиканад, вале ҷудо намекунад;


Ва ин аст қонун дар бораи ҳадияи ордӣ: писарони Ҳорун бояд онро ба ҳузури Худованд бар қурбонгоҳ тақдим намоянд.


Ва амъо ва почаҳоро бо об шуст; ва Мусо тамоми қӯчқорро бар қурбонгоҳ сӯзонид: ин қурбонии сӯхтанӣ ҳамчун атри гуворо ва қурбонии оташин барои Худованд буд, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.


Ва андом ва каллаи қурбонии сӯхтаниро назди ӯ оварданд, ва ӯ бар қурбонгоҳ сӯзонид.


Ва қурбонии оташин барои Худованд бихоҳед тақдим намоед, чи қурбонии сӯхтанӣ, чи забҳе барои иҷрои назр, ё барои хайрот, ё дар идҳои худ, то ки атри гуворо барои Худованд аз говон ё аз гӯсфандон ба амал оваред, —


Ва барраи дигарро шомгоҳ тақдим намо; мисли ҳадияи ордии субҳ ва мисли ҳадияи рехтании он тақдим намо, то ки қурбонии оташин ва атри гуворо барои Худованд бошад.


Исо боз бо овози баланде фарьёд зада, ҷон дод.


Чун Исо сиркоро чашид, гуфт: «Иҷро шуд!» Ва сар фурӯ оварда, ҷон дод.


Ки Ӯ ба сабаби гуноҳҳои мо таслим карда шуд ва аз барои сафед кардани мо эҳьё гардид.


Чунки Масеҳ низ, барои он ки моро сӯи Худо оварад, як бор барои гуноҳҳои мо уқубат кашид, яъне одил барои золимон ба ҳасби ҷисм кушта шуд, аммо ба ҳасби рӯҳ зинда гардид,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan