14 Ва агар қурбонии ӯ барои Худованд, яъне қурбонии сӯхтанӣ аз парандагон бошад, бигзор қурбонии худро аз фохтаҳо ё аз чӯҷаҳои кабӯтар тақдим намояд.
Ва ба ӯ гуфт: «Ғуноҷини сесола, модабузи сесола, қӯчқори сесола, қумрӣ ва кабӯтарбачае барои Ман бигир».
Ва агар овардани барра барояш дастрас набошад, бигзор ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар оварад, ки яке барои қурбонии сӯхтанӣ ва дигаре барои қурбонии гуноҳ аст; ва коҳин барои вай кафорат хоҳад намуд, ва вай пок хоҳад шуд».
Ва дигарашро барои қурбонии сӯхтанӣ, бар тибқи дастур, ба кор мебарад; ва коҳин гуноҳи ӯро, ки кардааст, кафорат менамояд, ва ӯ омурзида хоҳад шуд.
Ва агар ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар барои ӯ дастрас набошад, бигзор ҳамчун қурбонии худ барои гуноҳе ки кардааст, ба қадри даҳьяки эфа орди маҳин барои қурбонии гуноҳ биёрад; бигзор равған бар он нарезад, ва лебӯно бар он намонад, зеро ки ин қурбонии гуноҳ аст.
Ва агар баррае барои ӯ дастрас набошад, бигзор ҳамчун қурбонии ҷурми худ барои гуноҳе ки кардааст, ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтарро ба Худованд тақдим намояд: яке — барои қурбонии гуноҳ, ва дигаре — барои қурбонии сӯхтанӣ.
Юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам, ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт;
Ва Исо ба маъбади Худо даромада, ҳамаи онҳоеро, ки дар маъбад харидуфурӯш мекарданд, пеш кард, мизҳои саррофон ва курсиҳои кафтарфурӯшонро чаппа кард.
Ва мувофиқи он чи дар шариати Худованд гуфта шудааст, ду фохта ё ду чӯҷаи кабӯтар курбонӣ кунанд.
Зеро, кас агар ҳиммат дошта бошад, аз рӯи он чи ӯ дорад, мақбул меафтад, на аз рӯи он чи ӯ надорад.
Зеро ки мо ба чунин Саркоҳин эҳтиёҷ дорем: муқаддас, аз бадӣ дур, беайб, аз гуноҳкорон ҷудо ва аз афлок болотар баромада,