Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 1:11 - Китоби Муқаддас 1992 1999

11 Ва онро бар тарафи шимолии қурбонгоҳ ба ҳузури Худованд забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун, коҳинон, хуни онро бар қурбонгоҳ гирдогирд мепошанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 1:11
12 Iomraidhean Croise  

Ва Мусо нисфи хунро гирифта, дар тосҳо рехт, ва нисфи хунро бар қурбонгоҳ пошид;


Ва мизро дар хаймаи ҷомеъ ба тарафи шимолии маскан берун аз парда ҷойгир кард.


Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Худованд Худо чунин мегӯяд: ин аст фароизи қурбонгоҳ дар рӯзе ки сохтани он ба анҷом расад, то ки қурбонии сӯхтанӣ бар он биёранд ва хун бар он бипошанд.


Ва ба ман гуфт: «Эй писари одам! Чашмонатро ба тарафи роҳи шимолӣ баланд кун». Ва ман чашмонамро ба тарафи роҳи шимолӣ баланд кардам, ва инак ба тарафи шимолии дарвозаи қурбонгоҳ ин бути рашкро назди даромадгоҳ дидам.


Ва гӯсоларо ба ҳузури Худованд забҳ мекунад, ва писарони Ҳорун, коҳинон, хунро наздик меоваранд, ва хунро бар қурбонгоҳе ки назди хаймаи ҷомеъ аст, гирдогирд мепошанд.


Ва барраро дар маконе ки қурбонии гуноҳ ва қурбонии сӯхтаниро забҳ мекунанд, яъне дар макони муқаддас забҳ менамояд; зеро ки ин қурбонии ҷурм мисли қурбонии гуноҳ аз они коҳин аст; ин қудси қудсҳост.


Ва ӯ дасти худро бар сари қурбонии гуноҳ мемонад, ва ин қурбонии гуноҳро дар маконе ки қурбонии сӯхтанӣ забҳ мекунанд, забҳ менамояд.


«Ба Ҳорун ва писаронаш бигӯ: Ин аст қонун дар бораи қурбонии гуноҳ: дар маконе ки қурбонии сӯхтанӣ забҳ карда мешавад, қурбонии гуноҳ низ бояд ба ҳузури Худованд дар он ҷо забҳ карда шавад; ин қудси қудсҳост.


Дар маконе ки қурбонии сӯхтаниро забҳ мекунанд, қурбонии ҷурмро низ бояд дар он ҷо забҳ кунанд; ва хуни он бояд бар қурбонгоҳ гирдогирд пошида шавад.


Ва онро забҳ кард, ва Мусо хунро бар қурбонгоҳ гирдогирд пошид.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan