Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ибодат 1:10 - Китоби Муқаддас 1992 1999

10 Ва агар қурбонии ӯ аз рама, яъне аз гӯсфандон ё аз бузон бошад, бигзор барои қурбонии сӯхтанӣ чорпои нари беайбро тақдим намояд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ибодат 1:10
22 Iomraidhean Croise  

Ва Ҳобил низ аз нахустзодагони рамаи худ ва аз дунбаи онҳо ҳадияе овард. Ва Худованд Ҳобил ва ҳадияи ӯро манзур дошт;


Ва Нӯҳ қурбонгоҳе барои Худованд бино кард; ва аз ҳар чорпои пок, ва аз ҳар паррандаи пок гирифта, қурбониҳои сӯхтанӣ бар қурбонгоҳ гузаронид.


Барраи шумо бояд беайб, наринаи яксола бошад; аз гӯсфандон ва бузон онро бигиред.


Ва дар рӯзи дуюм нарбузи беайберо барои қурбонии гуноҳ забҳ намо; ва бигзор қурбонгоҳро аз гуноҳ пок кунанд, чунон ки бо гӯсола пок карданд.


Ва дар рӯзи ҳаштум ду барраи беайб, ва як меши яксолаи беайб, ва се ушр орди маҳини бо равған омехта барои ҳадияи ордӣ, ва як лӯҷ равған мегирад.


Бо ин чизҳо Ҳорун бояд ба қудс дохил шавад: бо гӯсолае барои қурбонии гуноҳ ва бо қӯчқоре барои қурбонии сӯхтанӣ.


Ва аз ҷамоати банӣ‐Исроил бигзор ду нарбуз барои қурбонии гуноҳ, ва як қӯчқор барои қурбонии сӯхтанӣ бигирад.


Барои он ки шумо сазовори таваҷҷӯҳ гардед, бигзор он наринаи беайбе аз говон ё аз гӯсфандон ва ё аз бузон бошад.


Ва дар рӯзе ки шумо он бандро меҷунбонед, барраи яксолаи беайбе барои қурбонии сӯхтанӣ ба Худованд тақдим намоед.


Ва агар қурбонии касе забҳи саломатӣ бошад, — агар ӯ аз говони хоҳ нар ва хоҳ мода тақдим намояд, — бигзор беайби онҳоро ба ҳузури Худованд тақдим намояд.


Ва гуноҳе ки кардааст, баъдтар ба ӯ ошкор гардад, — бигзор нарбузи беайбе барои қурбонӣ тақдим намояд.


Агар коҳини тадҳиншуда гуноҳе карда, сабаби гуноҳкор шудани қавм гардида бошад, — бигзор барои гуноҳе ки кардааст, гӯсолаи беайберо аз галаи говон барои қурбонии гуноҳ ба Худованд тақдим намояд.


«Агар касе хиёнат намуда, саҳван дар ҳаққи чизҳои муқаддаси Худованд гуноҳ кунад, бигзор ҳамчун курбонии ҷурми худ аз рама, дар асоси қиматдиҳии ту бо сиқлҳои нуқра, мувофиқи сиқли муқаддас, қӯчқори беайбе барои қурбонии ҷурм ба Худованд тақдим намояд;


Ва ба Ҳорун гуфт: «Гӯсолаи наре барои қурбонии гуноҳ ва қӯчқоре барои қурбонии сӯхтанӣ бигир, ки ҳар ду беайб бошанд, ва ба ҳузури Худованд тақдим намо.


Ва малъун бод фиребгаре ки қӯчқори хубе дар рамаи худ дорад, ва назр намудааст, вале ҳайвони маъюберо барои Худованд курбонӣ мекунад, зеро ки Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо, Подшоҳи бузург ҳастам, ва исми Ман дар миёни халқҳо саҳмгин аст.


Ва барои ҳадияи рехтанӣ чорьяк ҳин шароб бо қурбонии сӯхтанӣ ё бо забҳ барои ҳар барра биёр.


«Ин аст фаризаи шариат, ки Худованд амр фармуда, мегӯяд: ба банӣ‐Исроил бигӯ, ки модагови сурхи комиле ки айбе надошта бошад, ва юғ бар гарданаш гузошта нашуда бошад, назди ту биёранд.


Ва ӯ қурбонии худро барои Худованд тақдим менамояд: як барраи нари яксолаи беайб барои қурбонии сӯхтанӣ, як барраи модаи яксолаи беайб барои қурбонии гуноҳ, ва як қӯчқори беайб барои қурбонии саломатӣ,


Фардои он, Яҳьё Исоро дид, ки ба ҷониби вай меояд, ва гуфт: «Инак Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад;


Балки бо Хуни гаронбаҳои Масеҳ, ҳамчун барраи беайб ва пок,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan