Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Назди Ман ба кӯҳ баро ва дар он ҷо бош, ва Ман алвоҳи санг ва Таврот ва аҳкомеро, ки барои таълим додан навиштаам, ба ту хоҳам дод».
Ва дар он ҷо Ман ба ту зоҳир гардида, аз болои сарпӯш, аз миёни ду каррубие ки бар сандуқи шаҳодат мебошанд, бо ту сухан хоҳам ронд дар бораи ҳар он чи ба воситаи ту ба банӣ‐Исроил амр хоҳам фармуд.
Ва Мусо хаймаи худро гирифта, берун аз ӯрдугоҳ, дур аз ӯрдугоҳ барафрошт, ва онро хаймаи чомеъ номид; ва ҳар касе ки толиби Худованд буд, сӯи хаймаи ҷомеъ, ки берун аз ӯрдугоҳ буд, мебаромад.