Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 9:4 - Китоби Муқаддас 1992 1999

4 Барои Худованд шароб нахоҳанд рехт, Ва қурбониҳошон писандидаи Ӯ нахоҳад буд, балки барои худашон мисли нони мотамдорон хоҳад буд: ҳар кӣ аз онҳо бихӯрад, палид хоҳад шуд, зеро ки нони онҳо барои шикамсерии худашон мебошад, ба хонаи Худованд он дохил нахоҳад шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 9:4
33 Iomraidhean Croise  

Ва даҳьяк аз орди маҳин, ки бо чорьяк ҳин равғани кӯфта омехта шуда бошад, ва ҳадияи рехтанӣ ба қадри чорьяк ҳин шароб — барои як барра хоҳад буд.


Ва бар он як даста нонро ба ҳузури Худованд тартиб дод, чунон ки Худованд ба Мусо амр фармуда буд.


Дар миёни сангҳои суфтаи водӣ қисмати туст; ҳаминҳо насиби туст; барои онҳо низ ҳадияҳои рехтанӣ мерезӣ, ҳадияҳои ордӣ меоварӣ; оё Ман метавонам аз инҳо сарфи назар кунам?


Касе ки гове мекушад, мисли одамкуш аст; касе ки баррае забҳ менамояд, мисли касест, ки гардани сагро шикаста бошад; касе ки ҳадияи ордӣ меоварад, мисли касест, ки хуни хукро оварда бошад; касе ки лебӯно месӯзонад, мисли касест, ки пеши буте дуо гуфта бошад; чунон ки онҳо роҳҳои худро ихтиёр кардаанд, ва ҷонашон корҳои зишташонро хостааст,


Ва барои онҳо нон нахоҳанд шикаст, то ки ба мотамдорон дар бораи мурдагонашон таъзия баён кунанд, ва ба онҳо косаи таъзиятро дар бораи падар ё модарашон нахоҳанд нӯшонид.


Лебӯное ки аз Шабо, ва наи атрогине ки аз кишвари дурдаст оварда мешавад, ба Ман чӣ лозим аст? Қурбониҳои сӯхтании шумо табъи дил нест, ва забҳҳои шумо ба Ман хуш намеояд.


Хомӯшона оҳ каш, барои мурдагон мотам нагир: аммомаи худро бар сарат бипечон, пойафзоли худро ба пойҳоят бипӯш, ва ришу мӯйлабатро напӯшон, ва нони азодоронро нахӯр».


Ва шумо ончунон ки ман амал намудаам, амал хоҳед намуд: ришу мӯйлаби худро нахоҳед пӯшонид, ва нони азодоронро нахоҳед хӯрд;


Вале Дониёл дар дили худ аҳд кард, ки худро бо хӯроки суфраи подшоҳ ва бо шаробе ки ӯ менӯшад, палид накунад, бинобар ин аз сардори хоҷасароён иҷозат пурсид, то ки палид нашавад.


Зеро ки банӣ‐Исроил айёми зиёде бе подшоҳ ва бе сарвар, ва бе қурбонӣ ва бе сутуни назди қурбонгоҳ, ва бе эфӯд ва трофим хоҳанд буд.


Онҳо руҷӯъ намоянд ҳам, на ба сӯи Худои Таолост; онҳо мисли камони ҳилагар мебошанд; сарваронашон аз боиси забони густохонаи худ ба дами шамшер хоҳанд афтод; ба ин сабаб онҳо дар замини Миср хандахариш хоҳанд шуд.


Дар хусуси қурбониҳои сӯхтании Ман бошад, беҳтар аст, ки забҳ карда, гӯшташро бихӯранд: Худованд онро хоҳон нест. Бинобар ин Ӯ гуноҳи онҳоро ба ёд хоҳад овард ва барои маъсияташон ҷазо хоҳад дод: онҳо ба Миср хоҳанд баргашт.


Палос пӯшида гирья кунед, эй коҳинон, навҳа намоед, эй хизматгузорони қурбонгоҳ, омада дар палос шабро гузаронед, эй хизматгузорони Худои ман! Зеро ки ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ аз хонаи Худои шумо барҳам хӯрдааст.


Ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ аз хонаи Худованд барҳам хӯрдааст; коҳинони хизматгузори Худованд мотам гирифтаанд.


Эҳтимол дорад, ки Ӯ боз пушаймон шавад, ва пас аз он баракате боқӣ бигузорад, яъне ҳадияи ордӣ ва ҳадияи рехтанӣ барои Худованд Худои шумо.


Чунки ҷони ҷисм дар хун аст, ва Ман онро ба шумо барои қурбонгоҳ додаам, то ки ҷонҳои шуморо кафорат намояд, зеро ҳамин хун аст, ки ҷонро кафорат менамояд.


«Ба Ҳорун сухан ронда, бигӯ: ҳеҷ кас аз зурьёти ту дар наслҳои онҳо, ки маъюбие дошта бошад, набояд наздик ояд, то ки нони Худои худро тақдим намояд,


Хар касе ки аз насли Ҳоруни коҳин маъюбӣ дошта бошад, набояд наздик ояд, то ки қурбониҳои оташини Худовандро тақдим намояд; азбаски вай маъюб аст, набояд барои тақдим кардани нони Худои худ наздик ояд.


Онҳо бояд барои Худои худ муқаддас бошанд, ва исми Худои худро беҳурмат накунанд, зеро ки онҳо қурбониҳои оташини Худовандро, яъне нони Худои худро тақдим менамоянд, ва бояд муқаддас бошанд.


Ва ту ӯро тақдис намо, зеро ки ӯ нони Худои туро тақдим менамояд; бигзор ӯ барои ту муқаддас бошад, зеро Ман, Худованде ки шуморо тақдис менамоям, қуддус ҳастам.


Ҳатто агар қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳои ордии худро барои Ман биёред, онҳо дилхоҳи Ман нахоҳад буд, ва ба қурбонии шукронаи говони парвории шумо назар нахоҳам андохт.


Ва ин аст амали дуюме ки шумо кардаед: курбонгоҳи Худовандро бо ашк ва гирья ва нола пӯшонидаед, дар сурате ки Ӯ дигар ба ҳадия назар намеандозад ва онро аз дасти шумо бо хусни таваҷҷӯҳ қабул намекунад.


Касе ки ба ҷасади мурдаи ҳар одаме мерасад, ҳафт рӯз наҷис хоҳад буд.


«Ба банӣ‐Исроил амр фармо ва ба онҳо бигӯ: „Қурбонии Маро, яъне нони Маро, ки барои қурбонии оташини Ман аст, ва атри гуворои Ман аст, риоя намуда, дар сари вақташ тақдим кунед“.


Ва бар мизи нони тақдим чодири лоҷувардӣ паҳн мекунанд, ва табақҳо ва қошуқҳо ва косаҳо ва дӯлчаҳои рехтаниро бар он мегузоранд; ва нони доимӣ бояд бар он бошад.


Ман ҳастам он нони зинда, ки аз осмон нозил шуд: касе ки аз ин нон бихӯрад, то абад зинда хоҳад монд; ва ноне ки Ман ато мекунам, Бадани Ман аст, ки онро барои ҳаёти ҷаҳон мебахшам».


Дар мотами худ аз онҳо нахӯрдам, ва дар нопокӣ аз онҳо набаровардам, ва барои мурда аз онҳо надодам; ба овози Худованд Худои худ гӯш андохтам, мувофиқи ҳар он чи ба ман амр фармудаӣ, амал кардам;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan