Ва Ман аввал барои маъсият ва гуноҳашон подоши дучанд хоҳам дод, чунки замини Маро палид намуда, мероси Маро бо ҷасадҳои бутҳошон ва бо қабоҳатҳошон пур кардаанд».
Пас, тамоми фароизи Маро ва тамоми аҳкоми Маро риоя намоед, ва онҳоро ба амал оваред, то замине ки Ман шуморо ба он ҷо мебарам, то ки дар он сокин шавед, шуморо қай накунад.
Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: „Зани ту дар шаҳр гирифтори зино хоҳад шуд, ва писарону духтарони ту ба дами шамшер хоҳанд афтод, ва замини ту бо риштаи андоза тақсим карда хоҳад шуд, ва ту бар замини нопок хоҳӣ мурд, ва Исроил аз замини худ ба асирӣ бурда хоҳанд шуд“».
Ман имрӯз бар шумо осмон ва заминро ба шоҳидӣ даъват менамоям, ки шумо аз замине ки барои тасарруф кардани он аз Урдун убур менамоед, ба зудӣ маҳв хоҳед шуд; айёми зиёде бар он иқомат нахоҳед кард, балки несту нобуд хоҳед шуд,