Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 9:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Хирман ва чархушт онҳоро ғизо нахоҳад дод, ва шаробе ки дар он ҳаст, дилхуш нахоҳад кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 9:2
12 Iomraidhean Croise  

Вақте ки ба хирмангоҳи Отод, ки дар он тарафи Урдун аст, расиданд, дар он ҷо навҳагарии азим ва бисьёр сахт карданд; ва барои падари худ ҳафт рӯз мотам гирифт.


Ва ба тамоми хурсандии вай: ба идҳо, навмоҳҳо, шанбеҳо ва ҳамаи мавсимҳои вай хотима хоҳам дод.


Ва токҳо ва дарахтони анҷири варо, ки гуфта буд: „Инҳо музди ман аст, ки хушдоронам ба ман додаанд“, валангор хоҳам кард, ва онҳоро ба ҷангал табдил хоҳам дод, ва ҳайвоноти саҳро онҳоро хоҳанд хӯрд.


Бинобар ин Ман ғаллаи Худро дар вақташ ва шароби худро дар мавсимаш гашта хоҳам гирифт, ва пашм ва катони Худро, ки урьёнии вай бо он пӯшонида шудааст, кашида хоҳам гирифт.


Бинобар ин, азбаски бенаворо поймол кардед, ва аз ғаллаи вай хироҷ гирифтед, — хонаҳо аз санги тарошида хоҳед сохт, вале дар онҳо сокин нахоҳед шуд; токҳои дилпазир хоҳед парварид, вале шароби онҳоро нахоҳед нӯшид,


Бисьёрро мунтазир мешавед, ва инак кам аст, ва онро ба хона меоваред — Ман онро барбод медиҳам. Аз барои чӣ? — мегӯяд Худованди лашкарҳо. — Аз барои хонаи Ман, ки хароб аст, ва ҳол он ки шумо ҳар яке ба кори хонаи худ машғулед.


Баъзан мешуд, ки касе назди хирмани дорои бист андоза меомад, вале фақат даҳ андоза буд; ё назди чархушт меомад, то ки панҷоҳ андоза бигирад, вале фақат бист андоза буд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan