Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 9:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Эй Исроил, мисли қавмҳо то ба дараҷаи ваҷд шодӣ накун, зеро ки ту зино намуда аз Худои худ дур шудӣ: болои ҳар хирман музди зиноро дӯст доштӣ.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 9:1
24 Iomraidhean Croise  

Дар рӯзе ки ниҳол шинондӣ, онҳоро сабзу хуррам гардондӣ, ва саҳаргоҳон кишти худро шукуфондӣ, аммо ҳосилаш дар рӯзи беморӣ ва дарди бедармон барбод хоҳад рафт.


Шарорати ту туро ҷазо медиҳад, ва муртадии ту туро мазаммат менамояд; пас, бидон ва бубин, ки чӣ гуна бад ва талх аст он ки ту Худованд Худои худро тарк кардаӣ, ва тарси Ман дар ту нест, — мегӯяд Худованд Худои лашкарҳо.


Аз қадимулайём юғи худро шикастӣ ва бандҳои худро баркандӣ, ва гуфтӣ: „Бандагӣ нахоҳам кард“, зеро ки ту бар ҳар теппаи баланд ва зери ҳар дарахти сабз хобида, зино кардӣ.


Балки ҳар чиро, ки аз даҳони мо баромадааст, ҳатман ба ҷо хоҳем овард: барои маликаи осмон бухур хоҳем сӯзонид ва ҳадияҳои рехтанӣ барои вай хоҳем рехт, чунон ки мо ва падарони мо, подшоҳони мо ва мирони мо дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим мекардем; ва мо серона нон мехӯрдем, ва хушбахт будем, ва мусибате надидаем.


Шодӣ ва хурсандӣ намо, эй духтари Адӯм, ки дар замини Ус сокин ҳастӣ! Ин коса ба ту низ хоҳад расид: маст гардида, урьён хоҳӣ шуд.


Валекин ту бар ҳусни худ таваккал намудӣ, ва аз номи худ истифода бурда, зино кардӣ, ва зинои худро бар ҳар роҳгузаре фурӯ рехтӣ, ва ҳуснат аз они вай шуд.


Дили ту чӣ қадар бемаҷол шуда бошад — мегӯяд Худованд Худо, — ки тамоми ин аъмолро, ки аъмоли зани фоҳишаи худсар аст, ба ҷо овардаӣ!


Ва он чи дилхоҳи шумост, яъне он чи шумо мегӯед: «Мисли халқҳо ва мисли қабилаҳои кишварҳо гардида, ба чӯбу санг ибодат хоҳем кард», он ҳаргиз иҷро нахоҳад шуд.


Барои қатли беамон тез карда, барои барқ задан сайқал зада шудааст. Оё мо шодӣ кунем, ки асои писари Ман аз тамоми дарахт нафрат мекунад“?


Аз боиси гӯсолаи Байт‐Овин сокинони Сомария ба ҳарос хоҳанд афтод, зеро ки қавмаш барои он мотам мегиранд, ва коҳинонаш барои ҷалоли он, ки аз он гирифта шудааст, ба ларза меоянд.


Ва токҳо ва дарахтони анҷири варо, ки гуфта буд: „Инҳо музди ман аст, ки хушдоронам ба ман додаанд“, валангор хоҳам кард, ва онҳоро ба ҷангал табдил хоҳам дод, ва ҳайвоноти саҳро онҳоро хоҳанд хӯрд.


Қавми Ман ба дарахти худ савол медиҳанд, ва асояшон ба онҳо ҷавоб мегардонад, зеро ки рӯҳи зинокорӣ онҳоро дар иштибоҳ андохтааст, ва онҳо дар ҳаққи Худои худ хиёнат кардаанд.


Кирдорҳошон намегузорад, ки онҳо сӯи Худои худ руҷӯъ намоянд, зеро ки рӯҳи зинокорӣ андаруни онҳост, ва онҳо Худовандро намешиносанд.


Онҳо дар ҳаққи Худованд хиёнат кардаанд, чунки фарзандони бегона ба дуньё овардаанд; алҳол онҳоро бо молу мулкашон дар зарфи як моҳ фурӯ хоҳад бурд.


«Фақат шуморо Ман аз ҳамаи қабилаҳои замин шинохтам, бинобар ин шуморо барои ҳамаи гуноҳҳотон ба ҷазо мустаҳиқ хоҳам кард.


Ва аз хамири туруш ҳадияи шукрона биёред, ва ҳадияҳои ихтиёриро нидокунон эълон намоед, зеро ки инро шумо, эй банӣ‐Исроил, дӯст медоред», мегӯяд Худованд Худо.


Шумо, ки аз ночизе шод мешавед ва мегӯед: «Оё бо қуввати худ шохҳо барои худ ба даст наовардем?» —


Ва идҳои шуморо ба мотам, ва ҳамаи сурудҳои шуморо ба навҳа табдил хоҳам дод, ва бар ҳар камар палос, ва бар ҳар сар бемӯӣ хоҳам овард, ва инро мисли мотами фарзанди ягона, ва охирашро мисли рӯзи талх хоҳам гардонид.


Лекин акнун шумо, ба сабаби ҳавобаландии худ, лоф мезанед: ҳар лофи монанди ин бад аст.


Гӯш кунед шумо, эй сарватдорон: дар бораи балоҳое ки ба сари шумо меояд, гирья ва нола кунед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan