Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 8:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Зеро ки онҳо мисли гӯрхари танҳое назди Ашшур рафтаанд; Эфроим ба воситаи тӯҳфаҳо ошиқонро пайдо кардааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 8:9
13 Iomraidhean Croise  

Фул, подшоҳи Ашшур, бар мамлакат тохт овард. Ва Менаҳем ба Фул ҳазор киккар нуқра дод, то ки дасти вай бо ӯ бошад, ва ӯ салтанатро дар дасти худ мустаҳкам кунад.


Онҳо изни даҳони Маро напурсида, ба Миср фурӯд меоянд, то ки дар таҳти ҳимояти фиръавн бошанд, ва дар сояи Миср паноҳ баранд.


Ваҳй дар бораи баҳимути ҷанубӣ. Онҳо аз замини тангӣ ва мусибат, ки модашер ва наррашер, афъӣ ва аждаҳои паррон аз он ҷо меояд, сарвати худро бар пушти харон, ва ганҷи худро бар кӯҳони шутурон бор карда, назди қавме ки ҳеҷ фоидае надоранд, мебаранд.


Ту мисли гӯрхари модаи ба биёбон одаткардае ҳастӣ, ки он дар айни пурзӯр шудани шаҳвати дилаш кандаканда нафас мекашад, ва кист, ки онро аз шавқи он боздошта тавонад? Ҳамаи толибони он хаста нахоҳанд шуд: онро дар моҳи он хоҳанд ёфт.


Эфроим бод мепаймояд ва аз паи боди шарқӣ медавад, тамоми рӯз кизб ва ситамро афзун мекунад; ва онҳо бо Ашшур аҳд мебанданд, ва равған ба Миср бурда мешавад.


Ва Худованд бо Яҳудо низ талош хоҳад кард, ва Яъқубро бар тибқи роҳҳояш ба ҷазо мустаҳиқ хоҳад кард: ба ӯ мувофиқи аъмолаш подош хоҳад дод.


Ва алҳол аврати варо пеши чашми хушдоронаш ошкор хоҳам сохт, ва касе варо аз дасти Ман раҳо нахоҳад кард.


Ва Эфроим бемории худро, ва Яҳудо ҷароҳати худро дид, ва Эфроим назди Ашшур рафт, ва назди подшоҳ Ёриб кас фиристод, вале вай наметавонад шуморо шифо диҳад, ва ҷароҳати шуморо муолиҷа намояд.


Ва Эфроим мисли кабӯтари соддадили нофаҳме гардидааст: Мисрро мехонанд, сӯи Ашшур мераванд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan