Ва фурӯғалтии он мисли шикастани кӯзаи сафолин хоҳад буд, ки бе шафқат пора‐пора мешавад, ба тавре ки дар миёни пораҳояш сафолпорае ёфт намешавад, то ки оташ аз манқал бикашанд ва об аз кӯлмак бигиранд».
Ва Худованд туро дар миёни ҳамаи қавмҳо, аз як канори замин то канори дигари замин, пароканда хоҳад кард; ва дар он ҷо ту худоёни дигарро, ки аз чӯб ва санг иборатанд, ва онҳоро ту ва падаронат намешинохтед, ибодат хоҳӣ кард.