Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 8:6 - Китоби Муқаддас 1992 1999

6 Зеро ки он аз Исроил аст, ва ҳунарманде онро сохтааст, ва он — худо нест; зеро ки гӯсолаи Сомария шикаста, пора‐пора хоҳад шуд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 8:6
22 Iomraidhean Croise  

Ва низ қурбонгоҳе ки дар Байт‐Ил буд, ва баландие ки Ёробъом ибни Набот сохта, Исроилро гирифтори гуноҳ гардонида буд, — ҳам он қурбонгоҳ ва ҳам он баландиро хароб кард, ва баландиро сӯзонид, кӯфта гард‐гард гардонид, ва Ашераро сӯзонид.


Ва низ ҳамаи ибодатхонаҳои баландиҳоеро, ки дар шаҳрҳои Сомария буд, ва онҳоро подшоҳони Исроил барпо намуда, Худовандро ба хашм оварда буданд, Йӯшиёҳу барҳам дод, ва бо онҳо мисли тамоми аъмоле ки дар Байт‐Ил карда буд, амал намуд.


Ва алҳол шумо гумон мекунед, ки ба муқобили салтанати Худованд, ки дар дасти писарони Довуд аст, метавонед истодагӣ намоед, ва шумо анбӯҳи бузурге ҳастед, ва гӯсолаҳои тиллое ки Ёробъом барои шумо худо гардонидааст, бо шумо мебошад.


Ва баъд аз анҷом ёфтани ҳамаи ин, ҳамаи исроилиёне ки дар шаҳрҳои Яҳудо буданд, берун омада, сутунҳоро шикастанд, Ашераҳоро маҳв карданд, баландиҳо ва қурбонгоҳҳоро аз тамоми Яҳудо ва Биньёмин ва Эфроим ва Менашше то ба охир барҳам доданд; ва тамоми банӣ‐Исроил, ҳар кас ба мулки худ, ба шаҳрҳои худ баргаштанд.


Ҳар одам аз ақл бегона, ва ҳар заргар аз санаме ки сохтааст, шармсор хоҳад шуд, зеро ки бутҳои вай чизи дурӯғ аст, ва ҳеҷ нафасе дар онҳо нест.


Ва Мӯоб аз боиси Камӯш хиҷил хоҳад шуд, чунон ки хонадони Исроил аз боиси Байт‐Ил, ки пушту паноҳашон буд, хиҷил шудаанд.


«Дар миёни халқҳо баён намоед ва эълон кунед, ва ливое бардошта, эълон кунед, пинҳон надоред, бигӯед: „Бобил забт гардидааст, Бил шармсор шудааст, Мерӯдах шикаст хӯрдааст, санамҳояш расво шудааст, бутҳояш ба шикаст дучор омадааст“.


Дили онҳо пур аз тамаллуқ аст, акнун гирифтори ҷазо хоҳанд шуд: Ӯ қурбонгоҳҳои онҳоро вайрон, ва сутунҳои онҳоро вожгун хоҳад кард.


Ва алҳол онҳо гуноҳҳои худро афзун мекунанд, ва аз нуқраи худ барои худ бутҳо ва санамҳоро мувофиқи фаҳмиши худ сохтаанд, ки ҳамааш амали санъаткорон аст; дар бораи онҳо мегӯянд: «Одамоне ки қурбонӣ мекунанд, гӯсолаҳоро мебӯсанд».


Сухани тавбаро бо худ гирифта, сӯи Худованд руҷӯъ намоед; ба Ӯ бигӯед: «Ҳамаи гуноҳҳоро биомурз, ва он чи некӯст, қабул намо; ва мо, ба ҷои говҳо, тазаррӯи лабони худро қурбонӣ мекунем.


Ва ҳамаи санамҳои он пора‐пора хоҳад шуд, ва ҳамаи муздҳои зинои он ба оташ хоҳад сӯхт; ва ҳамаи бутҳои онро валангор хоҳам кард, зеро ки онҳоро аз музди зино ҷамъ овардааст, ва онҳо ба музди зино хоҳад баргашт.


Чӣ фоида аст аз санаме ки санамсозаш онро ба вуҷуд овардааст, дар сурате ки он фақат бут ва муаллими козиб аст, агарчи сонеи ин маснӯъ ба он таваккал карда, бутҳои гунг сохтааст?


Пас, модоме ки ҳамаи мо фарзандони Худо ҳастем, набояд гумон кунем, ки Илоҳият монанд аст ба тилло ё нуқра ё санге ки аз санъат ва хаёли инсон сурате гирифтааст.


Ва шумо дида ва шунида истодаед, ки на танҳо дар Эфсӯс, балки қариб дар тамоми вилояти Осиё ин Павлус мардуми бисьёрро иғво андохта, гумроҳ кардааст, ва мегӯяд: „Чизҳои соҳтаи дасти инсон ҳудо нестанд“.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan