Фиску фуҷури ту ва ваҷди шаҳвонии ту, зиштии зинокории ту ва қабоҳатҳои туро бар теппаҳои саҳро дидаам. Вой бар ту, эй Ерусалим! Пас аз ин ту то ба кай пок нахоҳӣ шуд?»
Аз боиси гӯсолаи Байт‐Овин сокинони Сомария ба ҳарос хоҳанд афтод, зеро ки қавмаш барои он мотам мегиранд, ва коҳинонаш барои ҷалоли он, ки аз он гирифта шудааст, ба ларза меоянд.