Ва Худои Исроил рӯҳи Фул, подшоҳи Ашшур, ва рӯҳи Тиҷлат Филосар, подшоҳи Ашшурро барангехт, ва ӯ реубениён ва ҷодиён ва нисфи сибти Менашшеро ба асирӣ гирифт, ва онҳоро ба Ҳалаҳ ва Ҳобӯр ва Ҳоро ва наҳри Ҷӯзон овард, ки то имрӯз онҳо дар он ҷо мебошанд.
Ба ҳамаи фоҳишагон музди зино медиҳанд, валекин ту ба ҳамаи ошиқонат музди зиноятро медодӣ, ва онҳоро бо ришва мехаридӣ, то ки аз ҳар тараф назди ту барои зинокорихоят биёянд.
Чунон ки нуқра ва мис ва оҳан ва қӯрғошим ва қалъагиро андаруни кӯра ҷамъ карда, оташ бар онҳо медаманд, то ки гудохта шаванд, ончунон Ман шуморо дар хашму ғазаби худ ҷамъ карда, дар он хоҳам гузошт ва шуморо хоҳам гудохт.
Зеро ки Худованд Худо чунин мегӯяд: инак Ман Набукаднесар подшоҳи Бобил, подшоҳи подшоҳонро аз шимол бар Сӯр бо аспон ва аробаҳо ва саворон ва бо ҷамоат ва қавми зиёде хоҳам овард.
Зеро ки Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: боз як бори дигар, он ҳам баъд аз андак вақт, воқеъ хоҳад шуд, ва Ман осмон ва замин ва баҳр ва хушкиро ба ларза хоҳам андохт.