Вале Рабшоқе ба онҳо гуфт: «Оё оғоям маро фақат назди оғоят ва ту фиристодааст, то ки ин суханонро бигӯям? Балки назди касоне ки бар ҳисор нишастаанд, ки онҳо бояд бо шумо наҷосати худро бихӯранд ва пешоби худро бинӯшанд».
Дар Яҳудо эълон намоед, ва дар Ерусалим бишнавонед ва бигӯед, ва бар замин шох навозед, ва бо овози баланд хитоб намуда, бигӯед: „Ҷамъ шавед, то ки ба шаҳрҳои истеҳкомдор паноҳ барем“.
Байрақе бар замин бардоред, шохе дар миёни халқҳо бинавозед, халқҳоро бар зидди он даъват намоед, мамлакатҳои Аророт, Минӣ ва Ашканазро бар зидди он ҷамъ оваред, сипаҳсолоре бар зидди он таъин кунед, аспонро мисли малахи сихдоре бархезонед.
Эй банӣ‐Биньёмин! Аз даруни Ерусалим бигрезед, ва дар Тақӯо шох навозед, ва бар Байт‐Ҳакерем аломате бо оташ баланд кунед, зеро ки мусибате аз ҷониби шимол ва таҳлукаи бузурге падид меояд.
Қавми Ман аз камии дониш нобуд шудаанд; азбаски ту аз дониш нафрат кардӣ, Ман низ аз ту нафрат кардам, то ки дигар барои Ман каҳонат нанамоӣ; ва азбаски ту шариати Худои худро фаромӯш кардӣ, Ман низ писарони туро фаромӯш хоҳам кард.
Худовандро дидам, ки назди қурбонгоҳ истода буд, ва гуфт: «Сарҳои сутунҳоро бизан, то ки остонаҳо ба ларза ояд, ва онҳоро бар сари ҳама бишкан, ва боқимондагонро Ман ба дами шамшер хоҳам кушт: гурезпое аз онҳо нахоҳад гурехт, ва наҷотталабе аз онҳо наҷот нахоҳад ёфт.
Ва аспони онҳо аз палангон чобуктар, ва аз гургони шаб далертаранд, ва саворони онҳо сершуморанд, ва саворони онҳо аз дурдаст меоянд, мисли уқобе ки сӯи шикори худ мешитобад, парида меоянд.