Фул, подшоҳи Ашшур, бар мамлакат тохт овард. Ва Менаҳем ба Фул ҳазор киккар нуқра дод, то ки дасти вай бо ӯ бошад, ва ӯ салтанатро дар дасти худ мустаҳкам кунад.
Одил нобуд мешавад, ва касе нест, ки инро ба дил гирад; ва мардуми порсо аз миён мераванд, ва касе фаҳм намекунад, ки одил ба сабаби шӯру шар аз миён меравад.
Қавми Ман аз камии дониш нобуд шудаанд; азбаски ту аз дониш нафрат кардӣ, Ман низ аз ту нафрат кардам, то ки дигар барои Ман каҳонат нанамоӣ; ва азбаски ту шариати Худои худро фаромӯш кардӣ, Ман низ писарони туро фаромӯш хоҳам кард.