Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 7:8 - Китоби Муқаддас 1992 1999

8 Эфроим бо қавмҳо аралаш шуда рафтааст; Эфроим ноне гардидааст, ки рӯи дигараш ба оташ баргардонида нашудааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 7:8
15 Iomraidhean Croise  

Ва Ильёс ба тамоми қавм наздик омада, гуфт: «То ба кай шумо дар миёни ду ақида мекалавед? Агар Худованд аст Худо, — Ӯро пайравӣ намоед, ва агар Баал аст, — варо пайравӣ намоед». Вале қавм дар ҷавоби ӯ сухане нагуфтанд.


Ва баъд аз анҷоми ин корҳо, сардорон назди ман омада, гуфтанд: «Қавми Исроил ва коҳинон ва левизодагон худро аз қавмҳои кишварҳо ҷудо накарданд, балки мисли амалҳои зишти канъониён, ҳиттиён, фариззиён, ябусиён, аммӯниён, мӯобиён, мисриён ва амӯриён амал карданд,


Бинобар ин, духтарони худро ба писарони онҳо надиҳед, ва духтарони онҳоро барои писарони худ нагиред, ва осоиштагӣ ва хушбахтии онҳоро то ба абад талаб накунед, то ки мустаҳкам шавед, ва нозу неъмати ин заминро бихӯред, ва онро ба писарони худ то ба абад мерос бигузоред“.


Биёбонро ба кӯли об табдил медиҳад, ва замини хушкидаро ба чашмаҳои об.


Ва Эфроим бемории худро, ва Яҳудо ҷароҳати худро дид, ва Эфроим назди Ашшур рафт, ва назди подшоҳ Ёриб кас фиристод, вале вай наметавонад шуморо шифо диҳад, ва ҷароҳати шуморо муолиҷа намояд.


Онҳо дар ҳаққи Худованд хиёнат кардаанд, чунки фарзандони бегона ба дуньё овардаанд; алҳол онҳоро бо молу мулкашон дар зарфи як моҳ фурӯ хоҳад бурд.


Бегонаҳо қуввати ӯро хӯрдаанд, ва ӯ намедонад; мӯйсараш низ сафед шудааст, ва ӯ намедонад.


Дар замини Худованд сокин нахоҳанд шуд: Эфроим ба Миср хоҳад баргашт, ва дар Ашшур онҳо хӯроки палид хоҳанд хӯрд.


Ва онҳоеро низ, ки бар бомҳо ба лашкари осмон сачда мекунанд, ва онҳоеро, ки сачда карда, ба Худованд қасам мехӯранд ва ба Милкум қасам мехӯранд,


Яҳудо хиёнат кардааст, ва дар Исроил ва Ерусалим қабоҳат ба амал омадааст, зеро ки Яҳудо қудси Худовандро, ки Ӯ дӯст медошт, беҳурмат сохта, духтари худои бегонаро ба никоҳи худ даровардааст.


Ҳеҷ кас ба ду оғо хизмат карда наметавонад: зеро ки ё аз яке нафрат карда, дигареро дӯст хоҳад дошт, ё ба яке часпида, дигареро хор хоҳад дид. Шумо наметавонед ба Худо ва ба мамуно хизмат кунед.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan