7 Ҳамаи онҳо мисли танӯр тафсида, доварони худро фурӯ мебаранд; ҳамаи подшоҳони онҳо фурӯ меғалтанд, ва дар миёни онҳо касе нест, ки Маро бихонад.
Ва Баъшо ӯро дар соли сеюми Осо, подшоҳи Яҳудо, кушта, ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
Ва чун Зимрӣ дид, ки шаҳр забт карда шуд, ба ҳуҷраи дохилии хонаи подшоҳ даромада, хонаи подшоҳро бар сари худ ба оташ сӯзонид, ва мурд,
Ва қавме ки тарафдори Омрӣ буданд, бар қавме ки тарафдори Тибнӣ ибни Ҷинат буданд, дастболо шуданд, ва Тибнӣ мурд, ва Омрӣ подшоҳ шуд.
Ва ӯ гуфт: «Инҳоро зинда дастгир кунед!» Ва онҳоро зинда дастгир карданд, ва онҳоро, ки чилу ду нафар буданд, назди чоҳи Байт‐Ақд куштанд, ва аз онҳо касе боқӣ намонд.
Ва ҳангоме ки мактуб ба онҳо расид, онҳо писарони подшоҳро гирифтанд, ва ҳафтод нафарро куштанд, ва каллаҳои онҳоро дар сабадҳо гузошта, назди ӯ ба Изреъил фиристоданд.
Ва Шаллум ибни Ёбиш бар ӯ суиқасд карда, ӯро дар пеши назари қавм кушт, ва ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
Ва Менаҳем ибни Ҷодӣ аз Тирсо баромада, ба Сомария дохил шуд, ва Шаллум ибни Ёбишро дар Сомария зарба зад, ва ӯро кушта, ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
Ва саркардаи ӯ, Фақаҳ ибни Рамальёҳу, бар ӯ суиқасд намуда, бо ҳамроҳии Арҷуб ва Арьё дар Сомария дар толори хонаи подшоҳ ӯро зарба зад, дар сурате ки бо вай панҷоҳ нафар аз банӣ‐Ҷилъод буданд; ва ӯро кушта, ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
Ва Ҳӯшаъ ибни Эло бар Фақаҳ ибни Рамальёҳу суиқасд намуд, ва ӯро зарба зада, кушт, ва дар соли бистуми Ютом ибни Узиё ба ҷои ӯ подшоҳ шуд.
Ва Еҳу дасташро бар камон гузошта, Йӯромро дар миёни шонаҳои китфаш тир зад, ва тир аз дилаш гузашта берун омад, ва ӯ дар аробаи худ афтод.
Ва ӯ гуфт: «Варо берун партоед!» Ва онҳо варо берун партофтанд. Ва хуни вай бар девор ва бар аспон пош хӯрд, ва ӯ варо лагадкӯб кард.
Валекин касоне ки дили пур аз риё доранд, дарғазаб мешаванд, ва ба Ӯ истиғоса намебаранд, вақте ки онҳоро гирифтори қайди мусибат мекунад.
Манфур дар назараш разил бошад, валекин тарсгорони Худовандро иззат кунад; қасамаш ба зарари худаш бошад ҳам, онро тағьир надиҳад;
Вале ту, эй Яъқуб, Маро нахондӣ, ва ту, эй Исроил, аз ибодати Ман ба танг омадӣ:
Ва ҳаргиз нашнидаанд, ва гӯш накардаанд, ва чашм Худоеро ғайр аз Ту надидааст, ки барои умедворонаш чунин амал карда бошад.
Ва ҳамаамон мисли палиде гардидаем, ва тамоми адолати мо мисли либоси чиркин аст; ва ҳамаамон мисли барг пажмурда шудаем, ва гуноҳҳоямон мисли боде моро бардошта мебарад.
Ва касе нест, ки исми Туро бихонад, ва бедор шуда, Туро пайравӣ намояд, зеро ки Ту рӯи Худро аз мо пинҳон кардаӣ, ва моро гузоштаӣ, ки аз гуноҳҳои худ нобуд шавем.
Вале ин қавм сӯи Занандаи худ барнагаштаанд, ва аз Худованди лашкарҳо дархост накардаанд.
Ва Ман дар миёни онҳо касеро ҷустам, ки деворро таъмир намояд ва дар рахнаи он ба ҳузури Ман барои ин замин биистад, то ки онро хароб накунам, валекин чунин касро наёфтам.
Тамоми ин мусибат, чунон ки дар Тавроти Мусо навишта шудааст, бар мо омадааст; валекин мо пеши Худованд Худои мо тазаррӯъ накардаем, то ки аз маъсиятҳои худ даст кашем ва ростии Туро дарк намоем.
Пас куҷост подшоҳи ту, то ки туро дар тамоми шаҳрҳоят наҷот диҳад, ва доварони ту, ки дар бораи онҳо гуфта будӣ: «Подшоҳ ва сарварон ба ман бидеҳ»?
Ман рафта, ба макони Худ бармегардам, то даме ки онҳо ба гуноҳи худ иқрор шаванд, ва толиби рӯи Ман гарданд; дар тангии худ онҳо бо зудӣ ба Ман рӯ хоҳанд овард.
Ва ифтихори Исроил пеши назари ӯ сарпаст шудааст, вале онҳо бо ин ҳама сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намекунанд ва Ӯро толиб намешаванд.
Ва онҳо бо дили худ сӯи Ман истиғоса набурданд, ҳангоме ки бар бистарҳои худ фиғон мекашиданд; барои ғалла ва шароб ҷамъ шуда, бар зидди Ман исьён мекунанд.
Онҳо подшоҳонро таъин карданд, вале на аз ҷониби Ман; сарваронро таъин карданд, вале бе розигии Ман; аз нуқра ва тиллои худ бутҳо барои худ сохтанд, то ки ба ҳалокат дучор шаванд.
Вой ба ҳоли онҳое ки бар бистарҳои худ хабосат меандешанд ва ниятҳои бад доранд, ва ҳамин ки рӯшноии саҳарӣ фаро расад, онро ба амал меоваранд, чунки кувват дар дасти онҳост.