Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 7:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Дар «рӯзи подшоҳи мо» сарварон аз гармии шароб бемор шуданд, ва ӯ дасти худро ба ин масхарабозон дароз кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 7:5
20 Iomraidhean Croise  

Дар рӯзи сеюм, ки рӯзи таваллуди фиръавн буд, ӯ зиёфате барои тамоми чокарони худ орост, ва дар миёни чокарони худ сарсоқӣ ва сарнонвойро ҳозир кард.


Ва ҳангоме ки подшоҳ сухани марди Худоро шунид, ки вай ба қурбонгоҳи Байт‐Ил муроҷиат намуда мегуфт, Ёробъом дасти худро аз болои қурбонгоҳ дароз карда, гуфт: «Варо дастгир кунед!» Ва дасти ӯ, ки сӯи вай дароз карда буд, хушк шуд, ва ӯ натавонист онро ба тарафи худ баргардонад.


Хушо касе ки ба машварати шарирон намеравад, ва дар тариқи хатокорон намеистад, ва дар маҷлиси масхарабозон наменишинад;


Касе ки бо хирадмандон гардад, хирадманд мешавад; вале касе ки бо аблаҳон ҷӯра шавад, шикаст мехӯрад.


Шароб масхара медорад, бӯза талотум мекунад, ва ҳар кӣ саргарми он гардад, хирадманд намешавад.


Эй вой бар афсари ғурури сармастони Эфроим ва бар гули пажмурдаи зинати шукӯҳи он, ки бар сари водии ҳосилхези майзадагон аст!


Бинобар ин, эй мардуми масхарабоз ва эй ҳокимони ин қавме ки дар Ерусалиманд, каломи Худовандро бишнавед.


Ва худро бар Худованди осмон баланд гирифтӣ, ва зарфҳои хонаи Ӯро ба ҳузури ту оварданд, ва ту ва акобири ту, манкӯҳаҳоят ва сурриягонат аз онҳо шароб нӯшидед, ва худоёнеро, ки аз нуқра ва тилло, мис ва оҳан, чӯб ва санг ҳастанд, ва намебинанд, намешунаванд ва намедонанд, ҳамд гуфтӣ, вале Худоеро, ки ҷонат дар дасти Ӯст, ва ҳамаи роҳҳоят пеши назари Ӯст, ҷалол надодӣ.


Бо шарорати худ онҳо подшоҳро, ва бо суханони козибонаи худ сарваронро хурсанд мекунанд.


Аммо вақте ки Ҳиродус рӯзи таваллуди худро ҷашн мегирифт, духтари Ҳиродия дар пеши аҳли базм рақсид, ва ин ба Ҳиродус бисьёр писанд афтод;


Фурсате расид, ки Ҳиродус ба муносибати рӯзи таваллуди худ барои мансабдорони худ, ба мириҳазорон ва калонтарони Ҷалил базме орост, —


Ва масти шароб нашавед, ки аз он фисқу фуҷур ба амал меояд; балки аз Рӯҳ пур шуда,


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan