4 Ҳамаи онҳо саргарми зино мебошанд, мисли танӯре ки нонпаз онро оташ медиҳад, ва аз вақти хамир кардан то вақти расидани он аз оташ додан бозмеистад.
Зеро ки замин аз зинокорон пур шудааст; зеро ки замин аз боиси лаънат мотам гирифтааст, ва чарогоҳҳои биёбон хушкидааст; зеро ки шарорат иштиёқи онҳост, ва кизб қуввати онҳост.
Кошки сари ман чашмаи об мебуд, ва чашмонам — чашмаи ашк! Рӯзу шаб барои шаҳидони духтари қавми худ мегиристам.
Кошки дар биёбон мусофирхонае меёфтам! Қавми худро тарк карда, аз пешашон мерафтам, чунки ҳамаашон зинокоранд, анбӯҳи хоинонанд.
Ва хоҳанд хӯрд, вале сер нахоҳанд шуд; зино хоҳанд кард, вале афзун нахоҳанд гардид, зеро ки риояи аҳди Худовандро тарк кардаанд.
Қавми Ман ба дарахти худ савол медиҳанд, ва асояшон ба онҳо ҷавоб мегардонад, зеро ки рӯҳи зинокорӣ онҳоро дар иштибоҳ андохтааст, ва онҳо дар ҳаққи Худои худ хиёнат кардаанд.
Қасам хӯрдан ва қасамро шикастан, ва қатл ва дуздӣ ва зино кардан бағоят паҳн шудааст, ва ҷараёни хун бо ҷараёни хун мепайвандад.
Фахри шумо хуб нест. Оё намедонед, ки андак хамиртуруш тамоми хамирро метуршонад?
Эй зинокорон! Оё намедонед, ки дӯстӣ бо дуньё душманӣ бо Худост? Пас, касе ки мехоҳад дӯсти дуньё бошад, душмани Худо мегардад.