Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 7:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Бо шарорати худ онҳо подшоҳро, ва бо суханони козибонаи худ сарваронро хурсанд мекунанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 7:3
16 Iomraidhean Croise  

Ва қосиде ки барои хондани Микойҳу рафта буд, ба вай сухан ронда, гуфт: «Инак, анбиё бо як овоз суханони хуб дар ҳаққи подшоҳ мегӯянд; бигзор сухани ту низ мисли сухани яке аз онҳо бошад, яъне ту ҳам сухани хуб бигӯй».


Ва подшоҳи Исроил анбиёро, ки тақрибан чорсад нафар буданд, ҷамъ карда, ба онҳо гуфт: «Оё ба ҷанги зидди Ромӯт‐Ҷилъод биравам, ё ки худро боздорам?» Ва онҳо гуфтанд: «Бирав, ва Худованд онро ба дасти подшоҳ хоҳад супурд».


Ва анбиёи шумо куҷоянд, ки ба шумо нубувват намуда гуфта буданд: „Подшоҳи Бобил ба муқобили шумо ва ба муқобили ин замин нахоҳад омад“?


Анбиё бардурӯғ нубувват менамоянд, ва коҳинон бо ёрии онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва қавми Ман инро дӯст медоранд. Ва шумо дар охири ин чӣ хоҳед кард?


Кошки дар биёбон мусофирхонае меёфтам! Қавми худро тарк карда, аз пешашон мерафтам, чунки ҳамаашон зинокоранд, анбӯҳи хоинонанд.


Аммо шумо шароратро кишт кардед, ноинсофиро дарав намудед, меваи кизбро хӯрдед; зеро ки ту ба роҳи худ, ба анбӯҳи баҳодурони худ таваккал намудӣ.


Маро Эфроим бо кизб, ва Исроил бо макр иҳота кардааст; ва Яҳудо ҳанӯз бо Худо, бо Қуддуси амин саркашӣ мекунад.


Қасам хӯрдан ва қасамро шикастан, ва қатл ва дуздӣ ва зино кардан бағоят паҳн шудааст, ва ҷараёни хун бо ҷараёни хун мепайвандад.


Эфроим мазлум гардида, дар доварӣ шикаст хӯрдааст, зеро хост, ки амри беҳударо пайравӣ намояд.


Дар «рӯзи подшоҳи мо» сарварон аз гармии шароб бемор шуданд, ва ӯ дасти худро ба ин масхарабозон дароз кард.


Ва фароизи Омрӣ ва тамоми аъмоли хонадони Аҳъоб нигоҳ дошта мешавад, ва шумо бар тибқи машваратҳои онҳо рафтор мекунед, то ки туро ба харобӣ, ва сокинонашро ба истеҳзо гирифтор намоям, ва нанги қавми Маро шумо хоҳед бардошт».


Ҳар ду дасташонро ба бадӣ кардан нағз одат кунонидаанд: сарвар ришва металабад, ва довар ба бадали музд амал мекунад, ва шахси олиҷоҳ иштиёқи нафси худро баён менамояд, ва ҳама каҷкорӣ мекунанд.


Агарчи доварии Худоро медонанд, ки кунандагони чунин корҳо сазовори марганд, бо вуҷуди ин на фақат худашон ин корҳоро мекунанд, балки кунандагони дигарро низ таҳсин менамоянд.


Онҳо аз ҷаҳон ҳастанд, бинобар ин онҳо ба таври дунёӣ суҳан меронанд, ва ҷаҳон онҳоро мешунавад.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan