Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 7:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва дар дили худ намегӯянд, ки Ман тамоми шарорати онҳоро дар хотир нигоҳ доштаам; алҳол корҳои бадашон онҳоро иҳота намудааст, онҳо ба ҳузури Ман ошкор аст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 7:2
33 Iomraidhean Croise  

Зеро ки чашмони Ӯ бар роҳҳои кас аст, ва ҳамаи қадамҳои варо мебинад.


То ки овози шукронаи худро бишнавонам, ва ҳамаи корҳои аҷоиби Туро нақл намоям.


Халқҳо ба чоҳе ки канда буданд, фурӯ ғалтиданд; дар доме ки ниҳон карда буданд, пои худашон андармон шуд.


Фақат бо чашмонат нигоҳ хоҳӣ кард, ва подоши шариронро хоҳӣ дид.


Барзагов молики худро, ва хар охури соҳиби худро мешиносад, аммо Исроил намешиносад: қавми Ман фаҳм намекунанд».


Худовандо! Дар вақти тангии худ онҳо Туро талабидаанд; чун аз Ту ҷазо меёфтанд, бо зорию илтиҷо дуо мегуфтанд.


Ва ӯ ба дили худ намегузаронад, ва донишу хираде надорад, ки бигӯяд: «Як қисми онро дар оташ сӯзонидам, ва бар ахгари он нон пуҳтам, ва гӯштро кабоб карда хӯрдам; оё аз бақияи он як чизи зиште ба вуҷуд оварам? Оё ба ғӯлачӯбе саҷда намоям?»


Ва барбат ва уд, ва даф ва най ва шароб дар базмҳои онҳост; вале онҳо ба корҳои Худованд назар намекунанд, ва амали дастҳои Ӯро намебинанд.


Худованд дар бораи ин қавм чунин мегӯяд: «Чунон ки онҳо ба овора гаштан муҳаббат дошта, пойҳои худро нахостанд боздоранд, ончунон Худованд ба онҳо таваҷҷӯҳ накард, ва алҳол гуноҳашонро ба ёд оварда, онҳоро барои маъсияташон ҷазо медиҳад».


Зеро ки чашмонам бар ҳамаи роҳҳои онҳост: онҳо аз Ман пинҳон нестанд, ва маъсияташон аз чашмони Ман пӯшида нест.


Гуноҳи Яҳудо бо қалами оҳанин навишта шудааст, бо неши алмос бар лавҳи дилҳои онҳо ва бар шохҳои қурбонгоҳҳои шумо нақш бастааст.


Шарорати ту туро ҷазо медиҳад, ва муртадии ту туро мазаммат менамояд; пас, бидон ва бубин, ки чӣ гуна бад ва талх аст он ки ту Худованд Худои худро тарк кардаӣ, ва тарси Ман дар ту нест, — мегӯяд Худованд Худои лашкарҳо.


Ту дар рой бузург ва дар аъмол қавӣ ҳастӣ; чашмони Ту бар ҳамаи роҳҳои банӣ‐одам воз аст, то ки ба ҳар кас мувофиқи роҳҳояш ва бар тибқи самараи аъмолаш подош диҳӣ.


Роҳи ту ва аъмоли ту ин чизҳоро бар ту овардааст; ин бадии туст, ки сабаби талхкомии ту гардида, то ба дили ту расидааст».


«Оё ҳамон бухуре набуд, ки шумо дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим сӯзондед, — шумо ва падарони шумо, подшоҳони шумо ва мирони шумо ва қавми мамлакат? Онро Худованд ба ёд овард ва ба дили худ гирифт.


Дар сурате ки рӯъёҳои ботил барои ту дидаанд, ва фолҳои бардурӯғ барои ту задаанд, то ки туро бар гардани шарирони бадноме бимонанд, ки ба сабаби авҷ гирифтани маъсияташон рӯзи сазои онҳо расидааст.


Ва Худованд бо Яҳудо низ талош хоҳад кард, ва Яъқубро бар тибқи роҳҳояш ба ҷазо мустаҳиқ хоҳад кард: ба ӯ мувофиқи аъмолаш подош хоҳад дод.


Ва қисмати коҳин мисли қавм хоҳад буд; ва ӯро мувофиқи роҳҳояш ҷазо хоҳам дод, ва подоши онҳоро бар тибқи аъмолашон хоҳам баргардонид.


Баъд аз ду рӯз моро зинда хоҳад кард; дар рӯзи сеюм моро ба по хоҳад бархезонид, ва мо дар ҳузури Ӯ зиндагӣ хоҳем кард;


Дар хусуси қурбониҳои сӯхтании Ман бошад, беҳтар аст, ки забҳ карда, гӯшташро бихӯранд: Худованд онро хоҳон нест. Бинобар ин Ӯ гуноҳи онҳоро ба ёд хоҳад овард ва барои маъсияташон ҷазо хоҳад дод: онҳо ба Миср хоҳанд баргашт.


Тамоми шарорати онҳо дар Ҷилҷол аст, ки дар он ҷо Ман аз онҳо барои кирдорҳои бадашон нафрат намудаам; аз хонаи Худ онҳоро бадар хоҳам ронд; онҳоро дигар дӯст нахоҳам дошт; ҳамаи сарварони онҳо фитнагар мебошанд.


Онҳо, мисли айёми Ҷабъа, ба умқи бадкирдорӣ расидаанд; Ӯ гуноҳи онҳоро ба ёд хоҳад овард, барои маъсияташон ҷазо хоҳад дод.


Худованд ба ифтихори Яъқуб қасам хӯрдааст: «Ҳеҷ яке аз аъмоли онҳоро ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард!


«Бархез, ба Нинве — шаҳри бузург — бирав ва дар он мавъиза намо, зеро ки бадкории онҳо то ба пеши Ман баромадааст».


Валекин агар чунин накунед, ба ҳузури Худованд гуноҳкор хоҳед шуд, ва барои ин гуноҳатон ҷазо хоҳед ёфт.


Ҳеҷ чизи ниҳоне нест, ки ошкор нагардад, ва ҳеҷ чизи махфие нест, ки маълум нашавад.


Бинобар ин ба ҳеҷ ваҷҳ пеш аз вақт, яъне то даме ки Худованд биёяд, ҳукм накунед, ки маҳз Ӯ чизҳои дар торикӣ пинҳонро равшан ва ниятҳои дилҳоро ошкор хоҳад кард, ва он гоҳ ҳар кас аз ҷониби Худо таҳсин хоҳад ёфт.


Кошки соҳибақл буда, дар ин хусус мулоҳиза мекарданд ва чигунагии оқибати худро мефаҳмиданд:


Ва ҳеҷ махлуқе нест, ки аз Ӯ ниҳон бошад, балки ҳама чиз пеши чашмони Ӯ бараҳна ва ошкор аст: ба Ӯ ҳисобот хоҳем дод.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan