Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 7:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Ҳангоме ки онҳо мераванд, Ман тӯри Худро бар онҳо хоҳам андохт, мисли мурғони ҳаво онҳоро фурӯд хоҳам овард; чунон ки ба ҷамоаташон шунавонидаам, онҳоро азият хоҳам дод.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 7:12
15 Iomraidhean Croise  

Пас бидонед, ки Худо дар ҳаққи ман каҷкорӣ намудааст ва бо тӯри Худ маро печонда гирифтааст.


Илова бар ин одамизод низ вақти худро намедонад: чунон ки моҳиён ба тӯри ҳалокатовар банд мешаванд, ва паррандагон ба дом меафтанд, ончунон банӣ‐одам ба вақти пуркулфат, ки ногаҳон ба сарашон меояд, гирифтор мешаванд.


Инак, Ман моҳигирони бисьёрро хоҳам фиристод, — мегӯяд Худованд, — ва онҳоро шикор хоҳанд кард; ва пас аз он сайёдони бисьёрро хоҳам фиристод, ва онҳоро аз болои ҳар кӯҳ ва аз болои ҳар теппа ва аз шикофҳои сахраҳо сайд хоҳанд кард.


Ва Ман ҳамаи бандагони Худ — анбиёро назди шумо фиристодам, ҳар рӯз аз субҳидам фиристода, гуфтам: „Ин кори зиштро, ки Ман аз он нафрат дорам, накунед“.


Ва Ман доми Худро бар ӯ хоҳам афканд, ва ӯ дар тӯри Ман хоҳад афтод, ва ӯро ба Бобил, ба замини калдониён хоҳам овард, ва ӯ онро нахоҳад дид, ва дар он ҷо хоҳад мурд.


Ва доми Худро бар ӯ хоҳам афканд, ва ӯ дар тӯри Ман хоҳад афтод; ва Ман ӯро ба Бобил хоҳам овард, ва дар он ҷо барои хиёнате ки дар ҳаққи Ман кард, бар ӯ доварӣ хоҳам намуд.


Худованд Худо чунин мегӯяд: Ман тӯри Худро дар ҷамъомади қавмҳои бисьёр бар ту хоҳам густурд, ва онҳо туро бо тӯри Ман хоҳанд баровард.


Эфроим дар рӯзи ҷазо валангор хоҳад шуд; дар миёни сибтҳои Исроил Ман ба таври яқин эълон намудам.


Ҳар киро Ман дӯст дорам, мазаммат мекунам ва ҷазо медиҳам. Пас ғаюр бош ва тавба кун.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan