10 Ва ифтихори Исроил пеши назари ӯ сарпаст шудааст, вале онҳо бо ин ҳама сӯи Худованд Худои худ руҷӯъ намекунанд ва Ӯро толиб намешаванд.
Худованд дар қасри қудси Худ сокин аст; тахти Худованд дар осмон аст; чашмони Ӯ менигарад, пилкҳои Ӯ банӣ‐одамро имтиҳон мекунад.
Касе ки дар рафтораш беайб бошад, ва аз рӯи адолат амал кунад, ва дар дили худ ростгӯй бошад;
Вақте ки зифиён назди Шоул омада, гуфтанд: «Оё Довуд назди мо пинҳон нашудааст?»
Агар беақлро дар ҳован дар миёни дону дун бо ҳовандаста бикӯбӣ, беақлии вай аз вай ҷудо намешавад.
Арамиёнро аз шарқ, ва фалиштиёнро аз ғарб; ва онҳо Исроилро бо иштиҳои тамом хоҳанд хӯрд; бо ин ҳама, ғазаби Ӯ фурӯ нанишастааст, ва дасти Ӯ ҳанӯз дароз аст.
Вале ин қавм сӯи Занандаи худ барнагаштаанд, ва аз Худованди лашкарҳо дархост накардаанд.
Ва боришҳо боздошта шуд, борони баҳорӣ ҳам наборид; вале туро пешонии зани фоҳишае буд, — ту шарму ҳаёро аз худ дур кардӣ.
Оё Ман онҳоро аз дӯзах раҳо хоҳам кард? Ва онҳоро аз марг халосӣ хоҳам дод? Вабоҳоят куҷост, эй марг? Тоунҳоят куҷост, эй дӯзах? Пушаймонӣ аз чашмони Ман ниҳон шудааст.
Ва ифтихори Исроил пеши назари Ӯ сарпаст шудааст, ва Исроил ва Эфроим дар гуноҳи худ пешпо мехӯранд, Яҳудо низ бо онҳо пешпо хоҳад хӯрд.
«Биёед, сӯи Худованд руҷӯъ намоем, зеро ки Ӯ даридааст, ва моро шифо хоҳад бахшид, Ӯ зарба задааст, ва моро ҷароҳатбандӣ хоҳад кард;
Ҳамаи онҳо мисли танӯр тафсида, доварони худро фурӯ мебаранд; ҳамаи подшоҳони онҳо фурӯ меғалтанд, ва дар миёни онҳо касе нест, ки Маро бихонад.
Ва онҳоеро низ, ки аз Худованд гаштаанд, яъне Худовандро намеҷӯянд ва Ӯро наметалабанд».
Мисли падарони худ набошед, ки анбиёи пешина онҳоро хонда, гуфтанд: „Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: аз роҳҳои бади худ ва аз корҳои бади худ баргардед“, вале онҳо нашниданд ва ба Ман гӯш надоданд, мегӯяд Худованд.
Касе соҳибфаҳм нест; касе толиби Худо нест;