Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 7:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Чун Исроилро шифо доданӣ шавам, гуноҳи Эфроим ва бадкориҳои Сомария ошкор хоҳад гардид, зеро ки рафторашон козибона аст; ва дуздон медароянд, ва дастаи роҳзанон дар берун ҳуҷум мекунанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 7:1
30 Iomraidhean Croise  

Эй вой бар афсари ғурури сармастони Эфроим ва бар гули пажмурдаи зинати шукӯҳи он, ки бар сари водии ҳосилхези майзадагон аст!


Зеро ки ҷиноятҳои мо пеши Ту бисьёр шудааст, ва хатоҳои мо ба муқобили мо шаҳодат медиҳад; зеро ки ҷиноятҳои мо бо мост, ва гуноҳҳои худро медонем.


Хиёнат карда, мункири Худованд шудаем, ва аз Худои худ дурӣ гузидаем; каломи зулм ва куфрро ба забон рондаем, суханони дурӯғро аз дил гузаронида, ифода намудаем.


Ва инсоф ақиб гаштааст, ва адолат дар ҷои дур истодааст, зеро ки ростӣ дар майдон пешпо хӯрдааст, ва дурусткорӣ наметавонад биёяд.


Бобилро табобат кардем, вале шифо наёфт; онро тарк кунед, ва ҳар яке аз мо ба замини худ биравем; зеро ки доварии он то ба афлок расидааст ва то абрҳо баланд шудааст.


Ва хоҳари калонии ту Сомария аст, ки бо духтаронаш дар шимоли ту сукунат дорад; ва хоҳари хурдии ту, ки дар ҷануби ту сокин аст, Садӯм бо духтаронаш мебошад.


Ва номҳои онҳо: калонӣ Оҳола ва хоҳараш Оҳолиба буд; ва онҳо занони Ман буда, писарон ва духтарон зоиданд; ва номҳои онҳо: Оҳола — Сомария, ва Оҳолиба — Ерусалим буд.


Дар фисқу фуҷур ту он қадар палид гаштӣ, ки ҳарчанд Ман туро тоза кардам, аз палидии худ тоза нашудӣ; то хашми Худро Ман бар ту ба итмом нарасонам, ту дигар тоза нахоҳӣ шуд.


Аз боиси гӯсолаи Байт‐Овин сокинони Сомария ба ҳарос хоҳанд афтод, зеро ки қавмаш барои он мотам мегиранд, ва коҳинонаш барои ҷалоли он, ки аз он гирифта шудааст, ба ларза меоянд.


Маро Эфроим бо кизб, ва Исроил бо макр иҳота кардааст; ва Яҳудо ҳанӯз бо Худо, бо Қуддуси амин саркашӣ мекунад.


Чӣ гуна туро таслим кунам, эй Эфроим? Чӣ гуна туро бисупорам, эй Исроил? Чӣ гуна туро мисли Адмо таслим кунам, мисли Сабӯим вожгун созам? Дили Ман андаруни Ман вайрон шудааст, риққатҳои Ман якбора ба ҷӯш омадааст.


Эфроим бод мепаймояд ва аз паи боди шарқӣ медавад, тамоми рӯз кизб ва ситамро афзун мекунад; ва онҳо бо Ашшур аҳд мебанданд, ва равған ба Миср бурда мешавад.


Ва Худованд бо Яҳудо низ талош хоҳад кард, ва Яъқубро бар тибқи роҳҳояш ба ҷазо мустаҳиқ хоҳад кард: ба ӯ мувофиқи аъмолаш подош хоҳад дод.


Эфроим ба бутҳо часпидааст; ӯро ба ҳоли худ вогузор!


Қасам хӯрдан ва қасамро шикастан, ва қатл ва дуздӣ ва зино кардан бағоят паҳн шудааст, ва ҷараёни хун бо ҷараёни хун мепайвандад.


Инро бишнавед, эй коҳинон, ва диққат диҳед, эй хонадони Исроил, ва гӯш андозед, эй хонадони подшоҳ, зеро ки доварӣ бар шумост, чунки шумо доме барои Мисфо будед, ва тӯре ки бар Тобӯр паҳн карда шуда буд.


Бо ту чӣ кунам, эй Эфроим? Бо ту чӣ кунам, эй Яҳудо? Тақвои шумо, охир, мисли абри субҳ ва мисли шабнамест, ки бо зудӣ ғоиб мешавад.


Вой бар ҳоли онҳо, зеро ки аз Ман дур шуданд; хонавайронӣ бар онҳо бод, зеро ки дар ҳаққи Ман ҷиноят карданд. Ва оё мумкин аст, ки Ман онҳоро раҳо кунам? Ва ҳол он ки онҳо бар зидди Ман суханони дурӯғ гуфтанд!


Гӯсолаи ту вожгун шудааст, эй Сомария! Ғазаби Ман бар онҳо аланга гирифтааст; то ба кай онҳо наметавонанд пок шаванд?


Зеро ки онҳо мисли гӯрхари танҳое назди Ашшур рафтаанд; Эфроим ба воситаи тӯҳфаҳо ошиқонро пайдо кардааст.


«Ва онҳо росткориро намедонанд», мегӯяд Худованд, «самараи зулм ва тороҷро дар қасрҳои худ захира мекунанд».


Бар қасрҳои Ашдӯд ва бар қасрҳои замини Миср эълон намоед ва бигӯед: «Бар кӯҳҳои Сомария ҷамъ шавед, ва бетартибиҳои зиёдеро, ки андаруни он аст, ва ситамҳоеро, ки дар миёни он аст, бубинед».


Онҳое ки ба гуноҳи Сомария қасам хӯрда, мегӯянд: „Ба ҳаёти худои ту, эй Дон!“ ва „Ба ҳаёти худои Беэр‐Шобаъ!“, — фурӯ хоҳанд ғалтид ва дигар нахоҳанд бархост».


Ва фароизи Омрӣ ва тамоми аъмоли хонадони Аҳъоб нигоҳ дошта мешавад, ва шумо бар тибқи машваратҳои онҳо рафтор мекунед, то ки туро ба харобӣ, ва сокинонашро ба истеҳзо гирифтор намоям, ва нанги қавми Маро шумо хоҳед бардошт».


Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!


Эй Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад, ва шумо нахостед!


Ва гуфт: «Оҳ, кошки ту низ ақаллан дар ҳамин рӯзи худ медонистӣ, ки кадом чизҳо сӯи осоиштагии ту мебарад! Аммо ин ҳоло аз чашмони ту ниҳон аст;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan