Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 6:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ва Худовандро хоҳем шинохт ва барои шинохтани Ӯ ҷидду ҷаҳд хоҳем кард; зуҳури Ӯ мисли шафақи субҳ аст, ва Ӯ назди мо мисли борон, мисли борони охири баҳор, ки заминро сероб мекунад, хоҳад омад».

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 6:3
36 Iomraidhean Croise  

Ва ин мисли рӯшноии субҳ аст, вақте ки офтоб тулӯъ мекунад, яъне вақте ки субҳ бе абр аст, ва аз дурахшонии баъд аз борон майса аз замин неш зада мебарояд“.


Ба ман мисли бороне интизорӣ доштанд, ва даҳони худро барои борони охирин мекушоданд.


Ҳамаи ҳадияҳои туро ба ёд оварад, ва қурбонии сӯхтании туро бо ризомандӣ қабул кунад. Село.


Ба наҷоти ту тараннум менамоем, ва ба исми Худои худ байрақ мебардорем. Худованд ҳамаи талабҳоятро ба иҷро расонад.


Валекин Худо ба онҳо тир хоҳад андохт: баногоҳ зарбаҳо хоҳанд хӯрд.


Ки Ӯ ҷонҳои моро дар ҳаёт боқӣ гузошт, ва пойҳои моро намонд, ки фурӯ ғалтад.


Бинобар ин шаддаи ғурур гарданашонро оро додааст; либоси зулм ҷисмашонро пӯшидааст.


Вале тариқи одилон мисли нури саҳар аст, ки то нимирӯзӣ торафт бештар медурахшад.


Ва қавмҳои бисьёр роҳсипор шуда, хоҳанд гуфт: «Биёед, ба кӯҳи Худованд, ба хонаи Худои Яъқуб бароем, то ки Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад, ва мо ба роҳҳои Ӯ равона шавем». Зеро шариат аз Сион, ва каломи Худованд аз Ерусалим хоҳад баромад.


То даме ки бар мо рӯҳе аз афроз рехта шавад, ва биёбон ба боғистон мубаддал гардад, ва боғистон ҷангал ҳисоб ёбад.


Зеро ки об бар ташна, ва чашмаҳо бар хушкӣ хоҳам рехт; рӯҳи Худро бар насли ту, ва баракати Худро бар зурьёти ту хоҳам рехт.


Ва онро харобазор мегардонам: на навдаҳояш каллак зада хоҳад шуд, ва на заминаш канда нарм карда хоҳад шуд, ва явшон ва хори шутур дар он хоҳад рӯид; ва ба абрҳо амр мефармоям, ки бар он борон наборонанд.


Ва ҳамаи писарони ту аз Худованд таълим хоҳанд ёфт, ва писарони туро осоиштагии бузурге хоҳад буд.


Ва диле ба онҳо хоҳам бахшид, то Маро бишносанд, ки Ман Худованд ҳастам, ва онҳо қавми Ман хоҳанд буд, ва Ман Худои онҳо хоҳам буд, зеро ки онҳо бо тамоми дили худ сӯи Ман хоҳанд баргашт.


Ва оби пок бар шумо хоҳам пошид, ва шумо пок хоҳед шуд; аз ҳамаи палидиҳотон ва аз ҳамаи бутҳотон шуморо пок хоҳам кард.


Барои худ аз рӯи инсоф кишт кунед, ва бар тибқи марҳамат дарав намоед; киштзорро барои худ шудгор кунед, ва он гоҳ вақти он аст, ки Худовандро толиб шавед, то ки Ӯ омада, борони адолат бар шумо биборонад.


Муртадии онҳоро шифо хоҳам дод, аз рӯи марҳамат онҳоро дӯст хоҳам дошт, зеро ки ғазаби Ман аз онҳо дур шудааст.


Барои Исроил мисли шабнам хоҳам буд; вай мисли савсан гул хоҳад кард, ва мисли арзи Лубнон решаҳои худро хоҳад давонид.


Ва туро бо садоқат номзади Худ хоҳам гардонид, ва ту Худовандро хоҳӣ шинохт.


Ва халқҳои бисьёр роҳсипор шуда, хоҳанд гуфт: «Биёед, ба кӯҳи Худованд, ва ба хонаи Худои Яъқуб бароем, то ки Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад, ва мо бо роҳҳои Ӯ равона шавем». Зеро ки шариат аз Сион, ва каломи Худованд аз Ерусалим хоҳад баромад.


ва ту, эй Байт‐Лаҳми Эфрот, ки дар миёни хонаводаҳои Яхудо аз ҳама ҷавонтарӣ! Аз ту барои Ман Ҳокиме дар Исроил хоҳад баромад, ва баромади Ӯ аз қадим, аз айёми азал аст.


Ва бақияи Яъқуб дар миёни қавмҳои бисьёр мисли шабнаме аз ҷониби Худованд, мисли борони фаровон бар алаф хоҳад буд, ва ба касе умедвор нахоҳад шуд, ва ба банӣ‐одам таваккал нахоҳад кард.


Боронро аз Худованд дар мавсими борони охирин биталабед; Худованд, ки барқҳоро ба вуҷуд меоварад, ба онҳо борони фаровон хоҳад дод, ва гиёҳ дар киштзори ҳар кас.


Вале барои шумо, эй тарсгорони исми Ман, офтоби адолат тулӯъ хоҳад намуд, ва дар шуоъҳои он шифо хоҳад буд; ва шумо берун омада, мисли гӯсолаҳои охурӣ ҷастухез хоҳед кард.


Дар ҷавобашон гуфт: «Чунки ба шумо донистани асрори Малакути Осмон ато шудааст, лекин ба онҳо ато нашудааст;


Аз умқи марҳамати Худои мо, ки бо он моро Найири Толеъ аз олами боло парасторӣ намуд,


Ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд.


Агар касе хоҳад иродаи Ӯро ба амал оварад, дар бораи ин таълим хоҳад донист, ки оё он аз Худост, ё ки Ман аз Худ сухан мегӯям.


Яҳудиёни он ҷо назар ба аҳли Таслӯникӣ равшанфикртар буданд: бо иштиёқи комил каломро гӯш мекарданд ва ҳар рӯз Навиштаҳоро санҷида мебаромаданд, то бидонанд, ки оё дар ҳақиқат ҳамин тавр аст ё не;


Сабақи ман мисли борон хоҳад борид, нутқи ман мисли шабнам хоҳад рехт, мисли қатраҳои борони маҳин бар майсазор, ва мисли борони сел бар алафзор.


Зеро ки мо шарикони Масеҳ гардидаем, ба шарте ки асоси эътимоди худро то ба охир боматонат нигоҳ дорем,


Ва каломи нубувват барои мо матонати бештаре дорад; шумо хуб мекунед, ки ба он рӯ меоваред, ҳамчун ба чароғе ки дар ҷои торик нур мепошад, то даме ки чашми рӯз кушода шуда, ситораи субҳ дар дилҳои шумо тулӯъ намояд;


«Ман, Исо, фариштаи Худро фиристодаам, то ки дар калисоҳо ба шумо шаҳодат диҳад. Ман реша ва насли Довуд, ситораи дурахшони субҳ ҳастам».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan