2 Баъд аз ду рӯз моро зинда хоҳад кард; дар рӯзи сеюм моро ба по хоҳад бархезонид, ва мо дар ҳузури Ӯ зиндагӣ хоҳем кард;
Ва Иброҳим ба Худо гуфт: «Кошки Исмоил пеши Ту зиндагӣ кунад!»
«Баргард ва ба Ҳизқиё, ки раиси қавми Ман аст, бигӯй: „Худованд, Худои падарат Довуд, чунин мегӯяд: дуои туро шунидам, ашкҳои туро дидам. Инак, Ман туро шифо хоҳам дод: баъд аз се рӯз ту ба хонаи Худованд дохил хоҳӣ шуд.
Танҳо Ӯст кӯҳпораи ман, наҷоти ман ва паноҳгоҳи ман: фурӯ нахоҳам ғалтид.
Дуоҳои Довуд ибни Йисой ба охир расид.
Вақте барои куштан, ва вақте барои шифо додан; вақте барои хароб кардан, ва вақте барои бино кардан.
Бигзор мурдагони Ту зинда шаванд, майитҳои ман бархезанд! Эй сокинони хок, бедор шавед ва тараннум намоед! Зеро ки шабнами Ту шабнами наботот аст, ва замин мурдагонро берун хоҳад афканд.
Ва дар рӯзе ки Худованд ҷароҳати қавми Худро бибандад ва захмҳои онҳоро шифо диҳад, рӯшноии моҳ мисли рӯшноии офтоб хоҳад шуд, ва рӯшноии офтоб ҳафтчандон, мисли рӯшноии ҳафт рӯз хоҳад буд.
Оё Ман онҳоро аз дӯзах раҳо хоҳам кард? Ва онҳоро аз марг халосӣ хоҳам дод? Вабоҳоят куҷост, эй марг? Тоунҳоят куҷост, эй дӯзах? Пушаймонӣ аз чашмони Ман ниҳон шудааст.
Ва дар дили худ намегӯянд, ки Ман тамоми шарорати онҳоро дар хотир нигоҳ доштаам; алҳол корҳои бадашон онҳоро иҳота намудааст, онҳо ба ҳузури Ман ошкор аст.
Пас аз андак муддате ҷаҳон дигар Маро нахоҳад дид; лекин шумо Маро хоҳед дид, ва азбаски Ман зиндаам, шумо низ хоҳед зист.
Зеро ки агар зист кунем, барои Худованд зист мекунем, ва агар бимирем, барои Худованд мемирем. Бинобар ин, хоҳ зист кунем, хоҳ бимирем, ба Худованд тааллуқ дорем.
Ва Ӯ дафн карда шуд ва, мувофиқи Навиштаҳо, дар рӯзи сеюм эҳьё шуд,