Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 6:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 «Биёед, сӯи Худованд руҷӯъ намоем, зеро ки Ӯ даридааст, ва моро шифо хоҳад бахшид, Ӯ зарба задааст, ва моро ҷароҳатбандӣ хоҳад кард;

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 6:1
36 Iomraidhean Croise  

Ва шотирон бо номаҳои подшоҳ ва сарваронаш ба тамоми Исроил ва Яҳудо рафта, бар тибқи амри подшоҳ гуфтанд: «Эй банӣ‐Исроил! Сӯи Худованд Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Исроил руҷӯъ намоед, ва Ӯ сӯи растагороне ки аз дасти подшоҳони Ашшур дар миёни шумо боқӣ мондаанд, руҷӯъ хоҳад кард;


Ғазаби Ӯ маро медарад ва бо ман адоват дорад; дандонҳои Худро бар ман ғиҷиррос мезанонад. Душманам чашмонашро ба ман ало мекунад.


Агар ба Қодир руҷӯъ намоӣ, бино хоҳӣ ёфт, ба шарте ки ноинсофиро аз хаймаи худ дур созӣ,


Агар ӯ сокит карда бошад, кист, ки тавонад зътироз намояд? Ва агар Ӯ рӯи Худро пӯшида бошад, кист, ки тавонад ба Ӯ назар андозад? Ин хоҳ нисбат ба халқе ва хоҳ нисбат ба одаме баробар аст.


Зеро ки Ӯ маҷрӯҳ мекунад ва Худаш ҷароҳатбандӣ менамояд; Ӯ зарба медиҳад, ва дасти Худаш шифо мебахшад;


Аз пайравони бутҳои бекора нафрат дорам; ва ман ба Худованд таваккал мекунам.


Худовандо! Дар ғазаби Худ маро мазаммат накун, ва дар хашми Худ маро ҷазо надеҳ.


Дуоҳои Довуд ибни Йисой ба охир расид.


Вақте барои куштан, ва вақте барои шифо додан; вақте барои хароб кардан, ва вақте барои бино кардан.


Дар он рӯз инсон ба Офаринандаи худ рӯй хоҳад овард, ва чашмонаш сӯи Қуддуси Исроил дӯхта хоҳад шуд;


Ва қавмҳои бисьёр роҳсипор шуда, хоҳанд гуфт: «Биёед, ба кӯҳи Худованд, ба хонаи Худои Яъқуб бароем, то ки Ӯ тариқҳои Худро ба мо таълим диҳад, ва мо ба роҳҳои Ӯ равона шавем». Зеро шариат аз Сион, ва каломи Худованд аз Ерусалим хоҳад баромад.


Ва ҷилди нуқрагини санамҳои худро, ва пӯшоки заррини бутҳои худро наҷис хоҳед донист; онҳоро мисли наҷосате дур андохта, хоҳед гуфт: «Дафъ шав!»


Ва дар рӯзе ки Худованд ҷароҳати қавми Худро бибандад ва захмҳои онҳоро шифо диҳад, рӯшноии моҳ мисли рӯшноии офтоб хоҳад шуд, ва рӯшноии офтоб ҳафтчандон, мисли рӯшноии ҳафт рӯз хоҳад буд.


Бигзор шарир роҳи худро, ва шахси бадкор фикрҳои худро тарк карда, сӯи Худованд баргардад, ва Ӯ ба вай раҳм хоҳад кард; ва сӯи Худои мо баргардад, зеро ки Ӯ бисьёр меомурзад.


«Баргардед, эй писарони муртад, ва Ман муртадиҳои шуморо шифо хоҳам дод!». Инак, мо назди Ту меоем, зеро ки Ту Худованд Худои мо ҳастӣ!


Зеро ки Худованд чунин мегӯяд: шикасти ту беилоҷ аст, зарбаи ту ҳалокатовар аст.


Зеро туро даво хоҳам кард, ва ҷароҳатҳои туро шифо хоҳам дод, — мегӯяд Худованд, — чунки туро мардуд номида, мегуфтанд: „Ин Сион аст, ки касе аҳволашро намепурсад“.


Ба воситаи онҳое ки омадаанд, то бар зидди калдониён ҷангида, он хонаҳоро аз лошаҳои одамоне пур кунанд, ки Ман онҳоро дар хашм ва ғазаби Худ зарба задаам, ва ба сабаби тамоми шарорати онҳо рӯи Худро аз ин шаҳр пинҳон кардаам:


Инак, Ман ба он марҳам ва даво хоҳам бахшид, ва онҳоро шифо хоҳам дод, ва фаровонии осоиштагӣ ва ростиро ба онҳо зоҳир хоҳам сохт.


Дар он айём ва дар он замон, — мегӯяд Худованд, — банӣ‐Исроил хоҳанд омад, онҳо бо якҷоягии банӣ‐Яҳудо гирьякунон равона хоҳанд шуд ва Худованд Худои худро ҷустуҷӯ хоҳанд кард.


Дар бораи Сион пурсуҷӯ хоҳанд намуд, рӯи худро сӯи роҳи он ниҳода, хоҳанд гуфт: „Биёед, бо аҳди ҷовидонӣ, ки фаромӯш нахоҳад шуд, ба Худованд пайванд шавем“.


Роҳҳои маро каҷ карда, маро даридааст, маро маъюс намудааст;


Худовандро онҳо пайравӣ хоҳанд кард; Ӯ мисли шер наъра хоҳад зад; вақте ки Ӯ наъра занад, фарзандон аз он тарафи баҳр хоҳанд шитофт.


«Ту низ сӯи Худои худ руҷӯъ намо, марҳамат ва инсофро риоят бикун, ва ҳамеша ба Худои худ таваккал намо».


Сомария маҳкум хоҳад шуд, зеро ки ба муқобили Худои худ қиём кардааст: онҳо ба дами шамшер хоҳанд афтод. тифлҳошон ба сахра зада кушта хоҳанд шуд, ва ҳомиладоронашон шикамчок хоҳанд гардид.


Ашшур моро наҷот нахоҳад дод; бар аспон савор нахоҳем шуд, ва дигар ба амали дастҳои худ „худоҳои мо“ нахоҳем гуфт, зеро ки ятим фақат дар Ту марҳамат хоҳад ёфт».


Баъд аз он банӣ‐Исроил тавба намуда, Худованд Худои худ ва Довуд подшоҳи худро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва дар айёми онир бо тарс сӯи Худованд ва эҳсони Ӯ хоҳанд шитофт.


Ва агар коҳин омада бубинад, ва инак, захм баъд аз андова кардани хона паҳн нашудааст, — коҳин хонаро пок эълон мекунад, зеро ки захм бартараф шудааст.


Барои тавба ҷамъ шавед ва фароҳам оед, эй халқи беҳаё,


Пас, алҳол бубинед, ки Ӯ — Ман ҳастам, Ман; ва ғайр аз Ман худое нест; Ман мемиронам ва зинда мекунам, Ман маҷрӯҳ менамоям ва шифо медиҳам, ва касе наметавонад аз дасти Ман раҳо кунад.


Худованд мемиронад ва зиндагӣ мебахшад; ба қабр фурӯд меоварад ва бармехезонад.


Ва Самуил ба тамоми хонадони Исроил сухан ронда, гуфт: «Агар шумо бо тамоми дили худ сӯи Худованд руҷӯъ намуда, худоёни бегона ва Аштораҳоро аз миёни худ дур созед, ва дилҳои худро моил гардонида, танҳо Ӯро ибодат намоед, Ӯ шуморо аз дасти фалиштиён раҳо хоҳад кард».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan