Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 5:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Эфроим дар рӯзи ҷазо валангор хоҳад шуд; дар миёни сибтҳои Исроил Ман ба таври яқин эълон намудам.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 5:9
23 Iomraidhean Croise  

Инак, Ӯ хароб мекунад, ва он чиз аз нав бино нахоҳад ёфт; касеро бандӣ мекунад, ва банди он кас кушода нахоҳад шуд.


Ва онҳо ба вай гуфтанд: «Ҳизқиё чунин мегӯяд: „Имрӯз рӯзи тангӣ ва ҷазо ва таҳқир аст, зеро ки кӯдакон ба дами валодат расидаанд, вале қуввати зоидан нест.


Оқибатро аз ибтидо, ва он чиро, ки ҳанӯз рӯй надодааст, аз қадим баён менамоям; Ман мегӯям: „Иродаи Ман иҷро хоҳад шуд, ва ҳар он чиро, ки хостаам, ба ҷо хоҳам овард“.


«Вақоеи пешинаро Ман аз қадим эълон намудаам, ва аз даҳони Ман баромадааст, ва Ман онҳоро баён кардаам, ногаҳон ба амал овардаам, ва иҷро шудааст.


Бинобар ин ба ту аз қадим эълон намудаам, пеш аз вуқӯъ туро хабардор кардаам, ки мабодо бигӯӣ: „Бути ман инро ба амал овардааст, ва санами ман ва ҳайкали рехтаи ман инро амр фармудааст“.


Зеро, пеш аз он ки он кӯдак рад кардани чизи бад ва ихтиёр кардани чизи хубро ёд гирад, замине ки аз ду подшоҳи он ту метарсӣ, тарк карда хоҳад шуд.


Ва Ман мисли куя барои Эфроим ва мисли фасод барои хонадони Яҳудо шудаам.


Зеро ки Ман мисли шер барои Эфроим ва мисли шербача барои хонадони Яҳудо хоҳам буд; Ман, Ман медарам ва меравам, бардошта мебарам, ва халоскунандае нахоҳад буд.


Ҳангоме ки онҳо мераванд, Ман тӯри Худро бар онҳо хоҳам андохт, мисли мурғони ҳаво онҳоро фурӯд хоҳам овард; чунон ки ба ҷамоаташон шунавонидаам, онҳоро азият хоҳам дод.


Исроил фурӯ бурда шудааст; алҳол онҳо дар миёни халқҳо мисли зарфи нодаркоре мебошанд.


Айёми ҷазо наздик меояд, айёми подош фаро мерасад, — Исроил хоҳанд донист, ки оё набӣ беақл буд ва оё соҳиби рӯҳ девона буд, — ба сабаби гуноҳи бисьёр ва адовати бузурги ту.


Оре, Худованд Худо коре намекунад, бе он ки сирри Худро ба бандагонаш анбиё ошкор созад.


Бинобар ин Худованд чунин мегӯяд: „Зани ту дар шаҳр гирифтори зино хоҳад шуд, ва писарону духтарони ту ба дами шамшер хоҳанд афтод, ва замини ту бо риштаи андоза тақсим карда хоҳад шуд, ва ту бар замини нопок хоҳӣ мурд, ва Исроил аз замини худ ба асирӣ бурда хоҳанд шуд“».


Ва баландиҳои Исҳоқ валангор, ва қудсҳои Исроил хароб хоҳад шуд, ва бар хонадони Ёробъом бо шамшер қиём хоҳам кард».


Ман низ туро зарбаи ҳалокатовар зада, барои гуноҳҳоят валангор хоҳам кард.


Аммо суханони Ман ва фароизи Ман, ки ба бандагони Худ анбиё амр фармуда будам, магар ба сари падарони шумо наомад? Ва онҳо баргаштанд ва гуфтанд: „Чунон ки Худованди лашкарҳо қарор дода буд, ки бо мо мувофиқи роҳҳоямон ва корҳоямон амал намояд, ончунон бо мо амал намуд“».


Лекин инро ба шумо барои он гуфтам, ки ҳангоми расидани он соат ба ёд оваред, ки Ман ба шумо гуфтаам ва инро аз аввал ба шумо нагуфтам, зеро ки бо шумо будам.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan