Дар Яҳудо эълон намоед, ва дар Ерусалим бишнавонед ва бигӯед, ва бар замин шох навозед, ва бо овози баланд хитоб намуда, бигӯед: „Ҷамъ шавед, то ки ба шаҳрҳои истеҳкомдор паноҳ барем“.
Аз боиси гӯсолаи Байт‐Овин сокинони Сомария ба ҳарос хоҳанд афтод, зеро ки қавмаш барои он мотам мегиранд, ва коҳинонаш барои ҷалоли он, ки аз он гирифта шудааст, ба ларза меоянд.
Эй банӣ‐Биньёмин! Аз даруни Ерусалим бигрезед, ва дар Тақӯо шох навозед, ва бар Байт‐Ҳакерем аломате бо оташ баланд кунед, зеро ки мусибате аз ҷониби шимол ва таҳлукаи бузурге падид меояд.