Балки каси боланда фақат бо ин биболад, ки Маро фаҳм мекунад ва мешиносад, ки Ман Худованд ҳастам, ки марҳамат, инсоф ва адолатро бар замин ба амал меоварам, зеро фақат ҳамин барои Ман матлуб аст», — мегӯяд Худованд.
Каломи Худовандро бишнавед, эй банӣ‐Исроил! Зеро ки Худованд бо сокинони ин замин муҷодила дорад, чунки на ростӣ ҳаст, ва на марҳамат, ва на шинохтани Худо бар ин замин.
Қавми Ман аз камии дониш нобуд шудаанд; азбаски ту аз дониш нафрат кардӣ, Ман низ аз ту нафрат кардам, то ки дигар барои Ман каҳонат нанамоӣ; ва азбаски ту шариати Худои худро фаромӯш кардӣ, Ман низ писарони туро фаромӯш хоҳам кард.