Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 5:3 - Китоби Муқаддас 1992 1999

3 Ман Эфроимро мешиносам, ва Исроил аз Ман ниҳон нест; зеро ки ҳоло ту, эй Эфроим, саргарми зино шудаӣ, ва Исроил палид гардидааст.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 5:3
24 Iomraidhean Croise  

Зеро, пеш аз он ки он кӯдак рад кардани чизи бад ва ихтиёр кардани чизи хубро ёд гирад, замине ки аз ду подшоҳи он ту метарсӣ, тарк карда хоҳад шуд.


Худованд бар ту, ва бар қавми ту, ва бар хонадони падари ту рӯзҳое хоҳад овард, ки аз замоне ки Эфроим аз Яҳудо ҷудо шуд, наомада буд, яъне подшоҳи Ашшурро хоҳад овард.


Азбаски Арам, Эфроим ва писари Рамальёҳу дар ҳаққи ту қасди бад карда, мегӯянд:


Ибтидои каломи Худованд ба Ҳушаъ. Ва Худованд ба Ҳушаъ гуфт: «Бирав, зани зинокор ва фарзандони зиноро барои худ бигир; зеро ки ин замин дар ҳаққи Худованд хиёнат намуда, бениҳоят саргарми зино шудааст».


Эфроим бод мепаймояд ва аз паи боди шарқӣ медавад, тамоми рӯз кизб ва ситамро афзун мекунад; ва онҳо бо Ашшур аҳд мебанданд, ва равған ба Миср бурда мешавад.


Вақте ки Эфроим сухан меронд, ҳама меларзиданд; ӯ дар Исроил сарбаланд буд; валекин аз боиси Баал гуноҳкор шуд, ва ба ҳалокат расид.


Ман туро дар биёбон, дар замини аз офтоб сӯхтае шинохтам.


Эфроим мазлум гардида, дар доварӣ шикаст хӯрдааст, зеро хост, ки амри беҳударо пайравӣ намояд.


Ва Эфроим бемории худро, ва Яҳудо ҷароҳати худро дид, ва Эфроим назди Ашшур рафт, ва назди подшоҳ Ёриб кас фиристод, вале вай наметавонад шуморо шифо диҳад, ва ҷароҳати шуморо муолиҷа намояд.


Эфроим дар рӯзи ҷазо валангор хоҳад шуд; дар миёни сибтҳои Исроил Ман ба таври яқин эълон намудам.


Дар хонадони Исроил Ман корҳои зиштро дидаам; дар он ҷо Эфроим саргарми зино шудааст, Исроил палид гардидааст.


Бо ту чӣ кунам, эй Эфроим? Бо ту чӣ кунам, эй Яҳудо? Тақвои шумо, охир, мисли абри субҳ ва мисли шабнамест, ки бо зудӣ ғоиб мешавад.


Зеро ки Эфроим қурбонгоҳҳои бисьёре барои кафорати гуноҳ сохт, — ин қурбонгоҳҳо барои ӯ сабаби гуноҳ гардид.


«Фақат шуморо Ман аз ҳамаи қабилаҳои замин шинохтам, бинобар ин шуморо барои ҳамаи гуноҳҳотон ба ҷазо мустаҳиқ хоҳам кард.


Зеро медонам, ки ҷиноятҳои шумо чӣ қадар бисьёр, ва гуноҳҳои шумо чӣ қадар азим аст: шахси одилро ба танг меоваред, ришва мегиред, ва нисбат ба камбағалон дар маҳкама каҷкорӣ мекунед.


Наргови нахустзодаи вай шавкати вай аст, ва шохҳои он мисли шохҳои бузи ваҳшии дарозшох аст; бо онҳо қавмҳоро якҷоя то ақсои замин шох мезанад; ва инҳоянд беварҳои Эфроим, ва инҳоянд ҳазорҳои Менашше».


Ва ҳеҷ махлуқе нест, ки аз Ӯ ниҳон бошад, балки ҳама чиз пеши чашмони Ӯ бараҳна ва ошкор аст: ба Ӯ ҳисобот хоҳем дод.


„Аъмоли туро медонам; ту на сард ҳастӣ на гарм; о, кошки ту сард ё гарм мебудӣ!


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan