Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 5:2 - Китоби Муқаддас 1992 1999

2 Ва гумроҳон чоҳро чуқур канданд, вале Ман ҳамаашонро ҷазо хоҳам дод.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 5:2
18 Iomraidhean Croise  

Чаро боз зарбу лат хӯред, чун маъсиятро давом диҳед? Тамоми сар дарднок аст, ва тамоми дил садчок.


Эй вой бар онҳое ки қарори худро аз Худованд бағоят амиқ пинҳон медоранд, ва аъмолашон дар торикист, ва онҳо мегӯянд: «Кист, ки моро бубинад? Ва кист, ки моро бидонад?»


Ва онҳо гуфтанд: «Биёед, бар зидди Ирмиё тадбирҳо биандешем, зеро ки шариат аз коҳин, ва машварат аз хирадманд, ва калом аз набӣ маҳв нахоҳад шуд; пас биёед, ӯро бо забон зарба занем, ва ба суханони ӯ гӯш наандозем».


Худовандо! Чашмони Ту, охир, сӯи ростӣ нигаронида шудааст. Онҳоро зарба задӣ, вале дардро ҳис накарданд; онҳоро талаф намудӣ, панд гирифтан нахостанд; рӯйҳои худро аз сахра сахттар гардондаанд, намехоҳанд руҷӯъ намоянд.


Ҳамаашон муртадҳои гузаро ҳастанд, ва бӯҳтон зада мегарданд; онҳо мис ва оҳан мебошанд, ва ҳамаашон фасодпешаанд.


Қасам хӯрдан ва қасамро шикастан, ва қатл ва дуздӣ ва зино кардан бағоят паҳн шудааст, ва ҷараёни хун бо ҷараёни хун мепайвандад.


Бинобар ин Ман онҳоро ба воситаи анбиё зарба задам, бо суханони даҳони Худ онҳоро куштам, ва доварӣ дар ҳаққи ту мисли нур равшан хоҳад шуд.


Ва чунон ки дастаи роҳзанон дар сари роҳи касе камин мегирад, ончунон гурӯҳи коҳинон дар роҳи Шакем одамкушӣ мекунанд, зеро ки қасди бади худро ба амал меоваранд.


Тамоми шарорати онҳо дар Ҷилҷол аст, ки дар он ҷо Ман аз онҳо барои кирдорҳои бадашон нафрат намудаам; аз хонаи Худ онҳоро бадар хоҳам ронд; онҳоро дигар дӯст нахоҳам дошт; ҳамаи сарварони онҳо фитнагар мебошанд.


Ҳар киро Ман дӯст дорам, мазаммат мекунам ва ҷазо медиҳам. Пас ғаюр бош ва тавба кун.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan