Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 5:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Инро бишнавед, эй коҳинон, ва диққат диҳед, эй хонадони Исроил, ва гӯш андозед, эй хонадони подшоҳ, зеро ки доварӣ бар шумост, чунки шумо доме барои Мисфо будед, ва тӯре ки бар Тобӯр паҳн карда шуда буд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 5:1
29 Iomraidhean Croise  

Зеро ки Ман падарони шуморо, аз рӯзе ки онҳоро аз Миср берун овардам, то имрӯз сахт таъкид намудам; ҳар рӯз аз субҳидам онҳоро таъкид намуда, гуфтам: овози Маро бишнавед.


Ба подшоҳ ва ба модари ӯ бигӯй: «Поёнтар биншинед, чунки аз сарҳотон тоҷи шавкати шумо афтодааст.


Ба ҳаёти Худам қасам ки, — мегӯяд Подшоҳе ки исмаш Худованди лашкарҳост, — он ки хоҳад омад, мисли Тобӯр дар миёни кӯҳҳо ва мисли Кармил дар назди баҳр хоҳад буд.


Байт‐Ил, ба сабаби шарорати бузурги шумо, ба шумо ҳамин тавр амал хоҳад кард; дар вақти шафақи субҳ подшоҳи Исроил ба ҳалокат хохад расид.


Мисли хирсе ки аз бачаҳояш маҳрум шуда бошад, ба онҳо ҳамла хоҳам кард, ва сандуқи синаи онҳоро хоҳам дарид, ва мисли шер онҳоро дар он ҷо хоҳам хӯрд; ҳайвоноти саҳро онҳоро хоҳанд дарид.


Каломи Худовандро бишнавед, эй банӣ‐Исроил! Зеро ки Худованд бо сокинони ин замин муҷодила дорад, чунки на ростӣ ҳаст, ва на марҳамат, ва на шинохтани Худо бар ин замин.


Ва чунон ки дастаи роҳзанон дар сари роҳи касе камин мегирад, ончунон гурӯҳи коҳинон дар роҳи Шакем одамкушӣ мекунанд, зеро ки қасди бади худро ба амал меоваранд.


Дидбони Эфроим аз ҷониби Худои ман набӣ буд, ки дар сари ҳамаи роҳҳояш доми сайёд ниҳода шуд, ва адоват дар хонаи Худои ӯ ҳукмфармост.


Инро бишнавед, эй пирон, ва гӯш андозед, эй ҳамаи сокинони замин! Оё дар айёми шумо ва ё дар айёми падаронатон чизе мисли ин рӯй додааст?


Ин каломро бишнавед, ки Худованд дар ҳаққи шумо, эй банӣ Исроил, дар ҳаққи ҳар қабилае ки аз замини Миср берун овардаам, ба забон ронда, гуфтааст:


Ва баландиҳои Исҳоқ валангор, ва қудсҳои Исроил хароб хоҳад шуд, ва бар хонадони Ёробъом бо шамшер қиём хоҳам кард».


Ва ман гуфтам: бишнавед, эй сарварони Яъқуб ва доварони хонадони Исроил! Шумо, охир, вазифадор ҳастед, ки адлу инсофро бидонед.


Пас инро бишнавед, эй сарварони хонадони Яъқуб ва эй доварони хонадони Исроил, ки аз инсоф нафрат доред ва ҳар чизи ростро каҷ мекунед,


Порсо аз замин талаф шудааст, ва росткоре дар миёни одамон нест; ҳама барои хунрезӣ камин мегиранд, якдигарро ба дом медароранд.


Писар падарро иззат мекунад, ва ғулом — оғои худро; пас агар Ман падар бошам, иззати Ман куҷост? Ва агар Ман оғо бошам, ҳайбати Ман куҷост? — мегӯяд Худованди лашкарҳо ба шумо, эй коҳинон, ки исми Маро беҳурмат месозед, ва мегӯед: «Бо чӣ мо исми Туро беҳурмат сохтаем?»


Ва акнун барои шумо, эй коҳинон, чунин ҳукме ҳаст:


Ва ба Сисро хабар доданд, ки Бороқ ибни Абинӯам ба кӯҳи Тобӯр баромадааст.


Ва кас фиристода, Бороқ ибни Абинӯамро аз Қодеш‐Нафтолӣ даъват намуд, ва ба вай гуфт: «Инак, Худованд Худои Исроил амр фармуд: „Бирав ва бар кӯҳи Тобӯр одамонро сафарбарӣ намо, ва аз банӣ‐Нафтолӣ ва банӣ‐Забулун даҳ ҳазор нафар бо худ бигир.


Ва ӯ сол ба сол рафта, Байт‐Ил ва Ҷилҷол ва Мисфоро давр мезад, ва бар Исроил дар ҳамаи ин мавзеъҳо доварӣ менамуд.


Ва Самуил гуфт: «Ҳамаи исроилиёнро дар Мисфо ҷамъ кунед, то ки дар бораи шумо назди Худованд дуо гӯям».


Ва онҳо дар Мисфо ҷамъ шуданд, ва об кашида, ба ҳузури Худованд рехтанд, ва дар он рӯз рӯза доштанд, ва дар он ҷо гуфтанд: «Мо ба ҳузури Худованд гуноҳ кардаем». Ва Самуил банӣ‐Исроилро дар Мисфо доварӣ намуд.


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan