Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 4:9 - Китоби Муқаддас 1992 1999

9 Ва қисмати коҳин мисли қавм хоҳад буд; ва ӯро мувофиқи роҳҳояш ҷазо хоҳам дод, ва подоши онҳоро бар тибқи аъмолашон хоҳам баргардонид.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 4:9
23 Iomraidhean Croise  

Модоме ки одил бар замин сазо меёбад, чӣ қадар бештар шарир ва гуноҳкор.


Аз самари даҳони худ кас аз некӯӣ сер мешавад, ва подоши аъмоли дастҳои одам ба ӯ бармегардад.


Шарирро гуноҳҳои худаш ба дом меоварад, ва бо камандҳои хатои худаш вай баста мешавад.


Ва чунон ки қавм бошанд, ончунон коҳин хоҳад буд, чунон ки ғулом — ончунон оғояш, чунон ки каниз — ончунон хотунаш, чунон ки харидор — ончунон фурӯшанда, чунон ки қарзхоҳ — ончунон қарздор, чунон ки даъвогар — ончунон ҷавобгар.


Ба одил бигӯед, ки ӯ некӣ хоҳад дид, зеро ки аз самараи аъмоли худ хоҳад хӯрд.


Анбиё бардурӯғ нубувват менамоянд, ва коҳинон бо ёрии онҳо ҳукмронӣ мекунанд, ва қавми Ман инро дӯст медоранд. Ва шумо дар охири ин чӣ хоҳед кард?


Балки левизодагоне ки дар вақти гумроҳии Исроил аз Ман дур шудаанд, яъне онҳое ки Маро тарк карда, бутҳои худро пайравӣ намудаанд, ҷазои гуноҳи худро хоҳанд кашид.


Азбаски ба онҳо ба хузури бутҳошон хизмат мекарданд, ва барои хонадони Исроил васвасаи гуноҳ гардиданд, бинобар ин дасти Худро бардошта қасам хӯрдам, мегӯяд Худованд Худо, ки онҳо бори гуноҳи худро хоҳанд бардошт;


Ва Худованд ба ӯ гуфт: «Насли ӯро Изреъил бихон, зеро ки пас аз муддати каме Ман интиқоми хуни Изреъилро аз хонадони Еҳу хоҳам гирифт ва ба подшоҳии хонадони Исроил хотима хоҳам дод;


Бар тибқи иштиёқи Худ онҳоро ҷазо хоҳам дод, ва қавмҳо ба муқобили онҳо ҷамъ хоҳанд омад, ва онҳоро ба ду ҳалқаи юғ хоҳанд баст.


Ва Худованд бо Яҳудо низ талош хоҳад кард, ва Яъқубро бар тибқи роҳҳояш ба ҷазо мустаҳиқ хоҳад кард: ба ӯ мувофиқи аъмолаш подош хоҳад дод.


Дар шиками модар ӯ пошнаи бародари худро қапид; ва дар авҷи қувваташ бо Худо гӯштин гирифт.


Ва дар дили худ намегӯянд, ки Ман тамоми шарорати онҳоро дар хотир нигоҳ доштаам; алҳол корҳои бадашон онҳоро иҳота намудааст, онҳо ба ҳузури Ман ошкор аст.


Дар хусуси қурбониҳои сӯхтании Ман бошад, беҳтар аст, ки забҳ карда, гӯшташро бихӯранд: Худованд онро хоҳон нест. Бинобар ин Ӯ гуноҳи онҳоро ба ёд хоҳад овард ва барои маъсияташон ҷазо хоҳад дод: онҳо ба Миср хоҳанд баргашт.


Тамоми шарорати онҳо дар Ҷилҷол аст, ки дар он ҷо Ман аз онҳо барои кирдорҳои бадашон нафрат намудаам; аз хонаи Худ онҳоро бадар хоҳам ронд; онҳоро дигар дӯст нахоҳам дошт; ҳамаи сарварони онҳо фитнагар мебошанд.


Онҳо, мисли айёми Ҷабъа, ба умқи бадкирдорӣ расидаанд; Ӯ гуноҳи онҳоро ба ёд хоҳад овард, барои маъсияташон ҷазо хоҳад дод.


Аммо суханони Ман ва фароизи Ман, ки ба бандагони Худ анбиё амр фармуда будам, магар ба сари падарони шумо наомад? Ва онҳо баргаштанд ва гуфтанд: „Чунон ки Худованди лашкарҳо қарор дода буд, ки бо мо мувофиқи роҳҳоямон ва корҳоямон амал намояд, ончунон бо мо амал намуд“».


Онҳоро ба ҳоли худашон бигзоред; онҳо кӯроне ҳастанд, ки ба кӯрон роҳнамоӣ мекунанд; ва ҳар гоҳ кӯре ба кӯри дигаре роҳнамоӣ кунад, ҳар ду дар чоҳ хоҳанд афтод».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan