Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 4:5 - Китоби Муқаддас 1992 1999

5 Ва ту рӯзона пешпо хоҳӣ хӯрд, ва набӣ низ бо ту шабона пешпо хоҳад хӯрд, ва Ман модари туро нобуд хоҳам кард.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 4:5
21 Iomraidhean Croise  

Худованд чунин мегӯяд: «Талоқномаи модаратон, ки Ман бо он ӯро рондаам, куҷост? Ё кист аз қарзхоҳони Ман, ки шуморо ба вай фурӯхтаам? Шумо, охир, ба сабаби гуноҳҳои худ фурӯхта шудаед, ва модаратон ба сабаби ҷиноятҳои шумо ронда шудааст.


Бевазанони онҳо пеши назари Ман аз реги дарьё зиёдтаранд; бар онҳо, бар модари ҷавонон, тороҷгареро хоҳам овард, ки дар нимирӯзӣ тороҷ мекунад; онҳоро ногаҳон дар тарс ва даҳшат хоҳам андохт.


Дар бораи анбиё. Дили ман андаруни ман шикастааст, ҳамаи устухонҳои маро ларза гирифтааст; мисли шахси масте гардидаам, ва мисли марде ки шароб бар вай ғолиб омада бошад; ин ҳама аз баҳри Худованд аст, аз баҳри суханони муқаддаси Ӯ:


Модари шумо бағоят хиҷил хоҳад гардид, волидаи шумо расво хоҳад шуд; инак оқибати халқҳо: биёбон, саҳрои хушк ва чӯли бедолу дарахт.


«Эй писари одам! Ин одамон бутҳои худро ба дили худ роҳ додаанд, ва васвасаи гуноҳи худро пеши рӯи худ гузоштаанд; оё месазад, ки Ман ба саволи онҳо ҷавоб гардонам?


Бо модари худ муҷодила кунед, муҷодила, зеро ки вай зани Ман нест, ва Ман шавҳари вай нестам, ва бигзор вай зинои худро аз чеҳрааш ва фаҳши худро аз миёни пистонҳояш нест кунад,


Зеро ки модари онҳо саргарми зино шудааст, онҳоро ҳомила гардида, худро расво кардааст, чунки гуфтааст: „Аз паи хушдоронам, ки нон ва об, пашм ва катон, равған ва машрубот ба ман медиҳанд, хоҳам рафт“.


Ва ифтихори Исроил пеши назари Ӯ сарпаст шудааст, ва Исроил ва Эфроим дар гуноҳи худ пешпо мехӯранд, Яҳудо низ бо онҳо пешпо хоҳад хӯрд.


Ва дар як моҳ се чӯпонро нест кардам; ва ҷони ман аз онҳо безор шуд, ва ҷони онҳо низ аз ман нафрат дошт;


Ва дар он рӯз чунин воқеъ хоҳад шуд, мегӯяд Худованди лашкарҳо, ки Ман номҳои бутҳоро аз рӯи замин маҳв хоҳам намуд, ва онҳоро дигар ба ёд нахоҳанд овард; ва анбиёи дорои рӯҳи палидро низ аз замин нест хоҳам кард.


Аммо Ерусалими арши аъло озод аст, ки он модари ҳамаи мост;


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan