Ва онҳо гуфтанд: «Биёед, бар зидди Ирмиё тадбирҳо биандешем, зеро ки шариат аз коҳин, ва машварат аз хирадманд, ва калом аз набӣ маҳв нахоҳад шуд; пас биёед, ӯро бо забон зарба занем, ва ба суханони ӯ гӯш наандозем».
Ва ҳангоме ки варо хешованди вай ва сӯзонандаи вай бардорад, то ки устухонҳоро аз хона берун оварад, ва ба касе ки дар як гӯшаи хона бошад, бигӯяд: «Оё боз касе бо ту ҳаст?», вай ҷавоб хоҳад дод: «Ҳеҷ кас нест»; ва ӯ хоҳад гуфт: «Хомӯш бош! — то ки исми Худованд зикр карда нашавад».