Барои кӯҳҳо гирья ва нола мекунам, ва барои чарогоҳҳои биёбон — навҳагарӣ, зеро онҳо сӯхтааст, ба тавре ки касе аз он ҷо гузар намекунад, ва садои рамаҳо шунида намешавад: аз мурғони осмон гирифта то чорпоён пароканда шуда рафтаанд.
Ва моҳиёни дарьё ва мурғони ҳаво ва ҳайвоноти саҳро, ва ҳамаи хазандагоне ки бар замин мехазанд, ва ҳар одаме ки бар рӯи замин аст, ба ҳузури Ман хоҳанд ларзид, ва кӯҳҳо хароб хоҳад шуд, ва сахраҳо фурӯ хоҳад ғалтид, ва ҳар ҳисор бар замин хоҳад афтод.
Оё ба ин сабаб замин ба ҷунбиш нахоҳад омад, ва ҳар сокини он мотам нахоҳад гирифт? Ва он сар то сараш мисли наҳр баланд хоҳад шуд, ва мисли дарьёи Нили Миср туғьён хоҳад кард ва фурӯ хоҳад нишаст».
«Одамизод ва чорпоёнро маҳв мекунам, мурғони ҳаво ва моҳиёни баҳр, ва асбоби васвасаро бо якҷоягии шарирон маҳв мекунам; ва одамизодро аз рӯи замин нест мекунам», мегӯяд Худованд.