Ва туро сахт фушурда, мисли тӯбе бар замини фарох хоҳад ғелонид, ва ту дар он ҷо хоҳӣ мурд, ва дар он ҷо аробаҳои боҳашамати ту боиси нанги хонадони оғоят хоҳад шуд.
Ва Ӯ бар тухмие ки замини худро бо он кишт мекунед, борон хоҳад дод, ва ҳосили ғаллаи замин ширадор ва фаровон хоҳад буд; чорвои шумо дар он рӯз дар чарогоҳи фарохе хоҳад чарид.
Валекин онҳо нашниданд ва гӯши худро хам накарданд, балки бар тибқи машваратҳо ва саркашии дили шарири худ рафтор карданд, ва ба қафо рӯ оварданд, на ин ки ба пеш,
Ва Эфроим ғуноҷини омӯхташудаест, ки хирманкӯбиро дӯст медорад, ва Ман юғро бар гардани зебои вай баста, бар Эфроим низ гузоштам, то ки Яҳудо шудгор кунад, ва Яъқуб барои худ мола намояд.