Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 4:12 - Китоби Муқаддас 1992 1999

12 Қавми Ман ба дарахти худ савол медиҳанд, ва асояшон ба онҳо ҷавоб мегардонад, зеро ки рӯҳи зинокорӣ онҳоро дар иштибоҳ андохтааст, ва онҳо дар ҳаққи Худои худ хиёнат кардаанд.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 4:12
25 Iomraidhean Croise  

Ва ин аз он сабаб рӯй дод, ки банӣ‐Исроил пеши Худованд Худои худ, ки онҳоро аз замини Миср, аз зери дасти фиръавн, подшоҳи Миср, берун оварда буд, гуноҳ карданд, ва аз худоёни дигар тарсиданд;


Балки бо роҳи подшоҳони Исроил рафтор намуда, аҳли Яҳудо ва сокинони Ерусалимро зинокор гардондӣ, чунон ки хонадони Аҳъоб зинокор гардонида буданд; ва низ бародарони худро аз хонадони падарат, ки аз ту беҳтар буданд, ба қатл расондӣ, —


Вале камшумор мешаванд ва аз фишори бадӣ ва ғаму ғусса ба залолат меафтанд.


Онҳо аз як сар ҷоҳил ва беақл мебошанд; таълимоташон ҳеҷу пуч аст: аз ғӯлачӯб иборат аст.


Ба чӯб мегӯянд: „Ту падари ман ҳастӣ“, ва ба санг: „Ту маро зоидаӣ“; зеро ки пуштро ба Ман гардонданд, ва на рӯйро; вале дар вақти мусибати худ мегӯянд: „Бархез ва моро наҷот деҳ!“


Ва Ман дар миёни анбиёи Сомария чизҳои ҳеҷу пучро дидаам: онҳо ба исми Баал нубувват карда, қавми Ман — Исроилро дар иштибоҳ андохтаанд.


Ва он чи дилхоҳи шумост, яъне он чи шумо мегӯед: «Мисли халқҳо ва мисли қабилаҳои кишварҳо гардида, ба чӯбу санг ибодат хоҳем кард», он ҳаргиз иҷро нахоҳад шуд.


Зеро ки подшоҳи Бобил бар дуроҳа, яъне дар сари ду роҳ истодааст, то ки фол кушояд: тирҳоро ба ҳам зада меомезад, ба бутҳо савол медиҳад, ба ҷигар нигоҳ мекунад.


Сухани тавбаро бо худ гирифта, сӯи Худованд руҷӯъ намоед; ба Ӯ бигӯед: «Ҳамаи гуноҳҳоро биомурз, ва он чи некӯст, қабул намо; ва мо, ба ҷои говҳо, тазаррӯи лабони худро қурбонӣ мекунем.


Кирдорҳошон намегузорад, ки онҳо сӯи Худои худ руҷӯъ намоянд, зеро ки рӯҳи зинокорӣ андаруни онҳост, ва онҳо Худовандро намешиносанд.


Дар хонадони Исроил Ман корҳои зиштро дидаам; дар он ҷо Эфроим саргарми зино шудааст, Исроил палид гардидааст.


Эй Исроил, мисли қавмҳо то ба дараҷаи ваҷд шодӣ накун, зеро ки ту зино намуда аз Худои худ дур шудӣ: болои ҳар хирман музди зиноро дӯст доштӣ.


Ва минбаъд онҳо забҳҳои худро барои девҳое ки пайравӣ менамоянд, набояд забҳ кунанд. Ин барои онҳо дар наслҳошон фаризаи абадӣ хоҳад буд.


Дар он сурат Ман хашми Худро ба он кас ва ба оилаи ӯ хоҳам нигаронид, ва ӯ ва ҳамаи онҳоеро, ки аз паи ӯ зино карда, ба Мӯлик зинокорона пайравӣ намудаанд, аз миёни қавми онҳо маҳв хоҳам сохт.


Агар шахси бодии дурӯғгӯе козибона мегуфт: „Барои ту дар бораи шароб ва арақ нубувват хоҳам кард“, — вай набии дилхоҳе барои ин қавм мебуд.


Вой ба ҳоли касе ки ба чӯб бигӯяд: «Бедор шав!» ва ба санги безабон: «Бархез!» Оё он метавонад таълим диҳад? Инак, он бо тилло ва нуқра пӯшида шудааст, вале рӯҳе андарунаш нест.


Ва он дар сисити шумо хоҳад буд, то ки бар он нигариста, тамоми аҳкоми Худовандро ба ёд оваред, ва онҳоро иҷро кунед, ва аз паи дили худ ва чашмони худ, ки шуморо ба зино моил мекунанд, наравед,


Ва Худованд ба Мусо гуфт: «Инак, ту бо падаронат мехобӣ, ва ин кавм бархоста, худоёни бегонаи заминеро, ки ба он ҷо дар миёни онҳо мераванд, зинокорона пайравӣ хоҳанд намуд, ва Маро тарк карда, аҳдеро ки бо онҳо бастаам, хоҳанд шикаст;


Ва ба ӯ гуфтанд: «Лутфан, аз Худо бипурс, то бидонем, ки оё роҳи мо, ки ба он меравем, бомуваффақият хоҳад буд?»


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan