11 Зино ва шароб ва машрубот дилҳоро рабудааст.
Шароб масхара медорад, бӯза талотум мекунад, ва ҳар кӣ саргарми он гардад, хирадманд намешавад.
Подшоҳонро шоиста нест, эй Лемуил, подшоҳонро шоиста нест, ки шароб нӯшанд, ва миронро, ки бӯза талаб кунанд:
Касе ки бо зане зино кунад, беақл аст: нобудкунандаи ҷони худ чунин амал мекунад.
Истисмор хирадмандро сабукмағз мегардонад, ва ришва дилро фосид мекунад.
Ва инҳо низ аз шароб гумроҳ гардидаанд ва аз арақ дар иштибоҳ афтодаанд; коҳин ва набӣ аз арақ гумроҳ гардидаанд, аз шароб саргаранг шудаанд, аз арақ дар иштибоҳ афтодаанд, дар рӯъё хато кардаанд, дар доварӣ пешпо хӯрдаанд.
Ва барбат ва уд, ва даф ва най ва шароб дар базмҳои онҳост; вале онҳо ба корҳои Худованд назар намекунанд, ва амали дастҳои Ӯро намебинанд.
Ва Ман дар миёни анбиёи Сомария чизҳои ҳеҷу пучро дидаам: онҳо ба исми Баал нубувват карда, қавми Ман — Исроилро дар иштибоҳ андохтаанд.
Қавми Ман ба дарахти худ савол медиҳанд, ва асояшон ба онҳо ҷавоб мегардонад, зеро ки рӯҳи зинокорӣ онҳоро дар иштибоҳ андохтааст, ва онҳо дар ҳаққи Худои худ хиёнат кардаанд.
Кирдорҳошон намегузорад, ки онҳо сӯи Худои худ руҷӯъ намоянд, зеро ки рӯҳи зинокорӣ андаруни онҳост, ва онҳо Худовандро намешиносанд.
Ва Эфроим мисли кабӯтари соддадили нофаҳме гардидааст: Мисрро мехонанд, сӯи Ашшур мераванд.
«Ту ва писаронат бо ту, вақте ки ба хаймаи ҷомеъ дохил мешавед, шароб ва арақ нанӯшед, то ки намиред; ин аст фаризаи абадӣ дар наслҳои шумо,
Пас, бохабар бошед аз худатон, ки мабодо дилҳои шумо аз пурхӯрӣ ва мастӣ ва ғамхӯриҳон зиндагӣ сахт шавад, ва он рӯз бар шумо ногаҳон ояд;
Ва Абиҷайл назди Нобол омад, ва инак, базме дар хонаи ӯ мисли базми подшоҳ ороста шуда буд, ва дили Нобол шод гардида, ӯ бағоят маст буд; ва то субҳ вай ба ӯ чизе кам ё зиёд хабар надод.