10 Ва хоҳанд хӯрд, вале сер нахоҳанд шуд; зино хоҳанд кард, вале афзун нахоҳанд гардид, зеро ки риояи аҳди Худовандро тарк кардаанд.
Ва баъд аз фавти Еҳӯёдоъ сарварони Яҳудо омада, ба подшоҳ саҷда бурданд; он гоҳ подшоҳ ба онҳо гӯш дод.
Онҳое ки бо ашк кишт мекунанд, бо тараннум дарав хоҳанд кард.
Ба Худованд таваккал намо ва некӣ бикун; дар замин сокин бош ва ростиро ҳифз намо.
Одил барои серии ҷонаш мехӯрад, вале шиками шарирон мӯҳтоҷӣ мекашад.
Ва алҳол шумо руҷӯъ намуда, он чиро, ки дар назари Ман ҳаққонист, ба амал овардед: ҳар кас барои ёри худ озодӣ эълон намуд, ва дар ҳузури Ман, дар хонае ки ба исми Ман номида шудааст, аҳд бастед;
Кист марди хирадманд, ки инро тавонад фаҳм кунад, ва даҳони Худованд ба ӯ сухан гуфта бошад, ва ӯ эзоҳ диҳад, ки чаро замин талаф шуда, мисли биёбоне сӯхтааст, ба тавре ки касе аз он ҷо гузар намекунад?
Ва агар одиле аз адолати худ даст кашида, ноинсофӣ кунад, яъне мисли ҳамаи корҳои зиште ки шарир мекунад, амал намояд, оё ӯ зинда хоҳад монд? Тамоми аъмоли одилонае ки ӯ ба ҷо овардааст, ба ёд оварда нахоҳад шуд; ӯ дар хиёнати худ, ки ба амал овардааст, ва дар гуноҳи худ, ки кардааст, хоҳад мурд.
Бӯҳтонгӯён андаруни ту буданд, то ки хун бирезанд; андаруни ту бар кӯҳҳо хӯрок мехӯрданд, андаруни ту ба фисқу фуҷур дода мешуданд.
Ман духтарони шуморо, ки зино мекунанд, ва келинҳои шуморо, ки саргарми фаҳш мешаванд, ҷазо нахоҳам дод, зеро ки худи мардҳои онҳо бо фоҳишаҳо хилват мегузинанд, ва бо зинокорон қурбонӣ мекунанд, ва қавми нофаҳм гумроҳ мешаванд.
Ҳамаи онҳо саргарми зино мебошанд, мисли танӯре ки нонпаз онро оташ медиҳад, ва аз вақти хамир кардан то вақти расидани он аз оташ додан бозмеистад.
Вақте ки асои нони шуморо бишканам, даҳ зан нони шуморо дар як танӯр хоҳанд пухт, ва нони шуморо ба тарозу баркашида хоҳанд дод, ва шумо онро хӯрда, сер нахоҳед шуд.
Ту хоҳӣ хӯрд, вале сер нахоҳӣ шуд, ва гуруснагии ту андаруни ту хоҳад монд; ва пинҳон хоҳӣ сохт, вале халос нахоҳӣ кард, ва он чиро, ки халос кунӣ, Ман ба шамшер хоҳам супурд.
Ва онҳоеро низ, ки аз Худованд гаштаанд, яъне Худовандро намеҷӯянд ва Ӯро наметалабанд».
Бисьёр кишт мекунед, вале ҳосили кам мебардоред; мехӯред, вале сер намешавед; менӯшед, вале на ба қадри кофӣ; либос мепӯшед, вале он гармӣ надорад; ва ҳар кӣ муздурӣ мекунад, музди худро гӯё дар ҳамьёни сӯрохдор мегузорад.