Biblia Todo Logo
Bìoball air-loidhne

- Sanasan -




Ҳушаъ 4:1 - Китоби Муқаддас 1992 1999

1 Каломи Худовандро бишнавед, эй банӣ‐Исроил! Зеро ки Худованд бо сокинони ин замин муҷодила дорад, чунки на ростӣ ҳаст, ва на марҳамат, ва на шинохтани Худо бар ин замин.

Faic an caibideil Dèan lethbhreac




Ҳушаъ 4:1
44 Iomraidhean Croise  

Ва ӯ гуфт: «Пас каломи Худовандро бишнав: ман Худовандро бар тахти Худ нишаста дидам, ва тамоми лашкари осмон назди Ӯ аз тарафи рост ва аз тарафи чап истода буданд.


Эй мирони Садӯм! Сухани Худовандро бишнавед. Эй қавми Амӯро! Ба шариати Худои мо гӯш андозед.


«Биёед исбот намоем, — мегӯяд Худованд, — агар гуноҳҳои шумо мисли қирмиз бошад, мисли барф сафед хоҳад шуд; агар мисли арғувон сурх бошад, мисли пашм хоҳад шуд.


Бинобар ин, эй мардуми масхарабоз ва эй ҳокимони ин қавме ки дар Ерусалиманд, каломи Худовандро бишнавед.


Эй халқҳо, наздик омада, бишнавед! Ва эй қабилаҳо, бодиққат гӯш кунед! Бигзор замин ва ҳар чи дар он аст, дуньё ва ҳар чи дар он ба вуҷуд меояд, бишнавад!


Зеро ки барои Худованд рӯзи интиқом аст, — соли подош барои даъвои Сион.


Ва акнун, эй сокинони Ерусалим ва мардони Яҳудо, дар миёни Ман ва токзори Ман доварӣ намоед.


Ҳеҷ кас толиби адолат нест, ва ҳеҷ кас аз рӯи ростӣ доварӣ намекунад: ба ҳеҷу пуч умед мебанданд ва суханони ботил мегӯянд, ба хабосат ҳомила мешаванд ва бадиро мезоянд.


Онҳо роҳи осоиштагиро намедонанд, ва дар тариқҳои онҳо инсофе нест; ҷоддаҳои худро качу килеб кардаанд: ҳар кӣ бо онҳо қадамгузор бошад, осоиштагиро намедонад.


Каломи Худовандро бишнавед, эй онҳое ки пеши каломи Ӯ меларзед! «Бародарони шумо, ки аз шумо нафрат доранд, ва шуморо ба хотири исми Ман рад кардаанд, мегӯянд: „Бигзор Худованд ҷалоли Худро зоҳир намояд, ва мо шодмонии шуморо бинем“. Вале онҳо хиҷил хоҳанд шуд.


Зеро ки Ман падарони шуморо, аз рӯзе ки онҳоро аз Миср берун овардам, то имрӯз сахт таъкид намудам; ҳар рӯз аз субҳидам онҳоро таъкид намуда, гуфтам: овози Маро бишнавед.


Ва бигӯй: „Каломи Худовандро бишнавед, эй подшоҳони Яҳудо ва сокинони Ерусалим! Худованди лашкарҳо, Худои Исроил чунин мегӯяд: инак Ман бар ин макон чунон мусибате меоварам, ки ҳар кӣ онро бишнавад, гӯшҳояш садо хоҳад дод,


Каломи Худовандро бишнавед, эй хонадони Яъқуб ва ҳамаи қабилаҳои хонадони Исроил!


Бинобар ин боз бар шумо доварӣ хоҳам кард, — мегӯяд Худованд, — ва бар писарони писарони шумо доварӣ хоҳам кард.


Ғулғулаи он то ақсои замин мерасад, зеро ки Худованд ба халқҳо даъво дорад: Ӯ бар ҳар башар доварӣ менамояд, шариронро ба дами шамшер месупорад, — мегӯяд Худованд“.


Аммо каломи Худовандро бишнав, эй Сидқиё подшоҳи Яҳудо! Худованд дар бораи ту чунин мегӯяд: ту ба дами шамшер нахоҳӣ мурд;


«Зеро ки қавми Ман беақланд, Маро намешиносанд; онҳо писарони ҷоҳиланд ва фаҳме надоранд; ба бадӣ кардан ақлашон мерасад, вале кардани кори нек аз дасташон намеояд».


Замин дар ин хусус мотам хоҳад гирифт, ва осмон аз боло тира хоҳад шуд, зеро ки Ман инро гуфтам ва азм намудам, ва пушаймон нахоҳам шуд, ва аз ин азм нахоҳам гашт».


Ва ман гуфтам: «Инҳо, охир, мардуми бенавоянд, гирифтори ҷаҳолатанд, чунки роҳи Худовандро, аҳкоми Худои худро намедонанд».


Зеро ки Исроил ва Яҳудо аз Худои худ, аз Худованди лашкарҳо матрук нашудаанд, ва ҳол он ки замини онҳо аз маъсият бар зидди Қуддуси Исроил пур шудааст.


«Зеро ки ҳамаи онҳо, аз хурд то калон, ба тамаъкорӣ дода шудаанд, ва аз набӣ гирифта то коҳин, саросар козибона рафтор мекунанд.


Ва ба онҳо бигӯй: „Инҳо халқе ҳастанд, ки овози Худованд Худои худро намешунаванд ва панд намегиранд; ростӣ барбод рафта, аз даҳонашон нест шудааст.


Пас, эй занон, каломи Худовандро бишнавед, ва бигзор гӯши шумо каломи даҳони Ӯро бипазирад; ва шумо ба духтарони худ навҳаро таълим диҳед, ва ҳар зан ба дугонаи худ — овозандозиро.


«Забони худро барои дурӯғ мисли камон зеҳ мекунанд, ва бар замин на аз барои ростӣ пурзӯр шудаанд, зеро ки аз як шарорат ба шарорати дигар мегузаранд, вале Маро намешиносанд», — мегӯяд Худованд.


Бинобар ин Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: «Инак, Ман онҳоро гудохта, имтиҳон хоҳам намуд, зеро ки нисбат ба духтари қавми Худ чӣ гуна метавонам амал кунам?


Бинобар ин, эй фоҳиша, каломи Худовандро бишнав!


Ва Худованд бо Яҳудо низ талош хоҳад кард, ва Яъқубро бар тибқи роҳҳояш ба ҷазо мустаҳиқ хоҳад кард: ба ӯ мувофиқи аъмолаш подош хоҳад дод.


Дар шиками модар ӯ пошнаи бародари худро қапид; ва дар авҷи қувваташ бо Худо гӯштин гирифт.


Инро бишнавед, эй коҳинон, ва диққат диҳед, эй хонадони Исроил, ва гӯш андозед, эй хонадони подшоҳ, зеро ки доварӣ бар шумост, чунки шумо доме барои Мисфо будед, ва тӯре ки бар Тобӯр паҳн карда шуда буд.


Кирдорҳошон намегузорад, ки онҳо сӯи Худои худ руҷӯъ намоянд, зеро ки рӯҳи зинокорӣ андаруни онҳост, ва онҳо Худовандро намешиносанд.


Инро бишнавед, эй пирон, ва гӯш андозед, эй ҳамаи сокинони замин! Оё дар айёми шумо ва ё дар айёми падаронатон чизе мисли ин рӯй додааст?


Ин каломро бишнавед, ки Худованд дар ҳаққи шумо, эй банӣ Исроил, дар ҳаққи ҳар қабилае ки аз замини Миср берун овардаам, ба забон ронда, гуфтааст:


Ва акнун каломи Худовандро бишнав: ту мегӯӣ: „Дар ҳаққи Исроил нубувват накун ва дар ҳаққи хонадони Исҳоқ сухан нарон“.


Худовандро бишнавед, эй кӯҳҳо, ва шумо, эй асосҳои матини замин, зеро ки Худованд бо қавми Худ талош дорад, ва бо Исроил мубоҳиса хоҳад кард.


Ва Ӯро нашинохтаед, лекин Ман Ӯро мешиносам; ва агар бигӯям, ки Ӯро намешиносам, мисли шумо дурӯғгӯй мешавам; лекин Ман Ӯро мешиносам ва каломи Ӯро риоя мекунам;


Ва азбаски онҳо Худоро бо ақли худ шиноҳтан нахостанд, Худо онҳоро ба афкори фосид гирифтор кард, то ки корҳои носазо кунанд,


Ба таври бояду шояд ҳушьёр шавед ва гуноҳ накунед; зеро, барои хиҷил шуданатон мегӯям, ки баъзеҳо Худоро намешиносанд.


Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд: касе ки ғолиб ояд, аз мамоти дуюм зараре нахоҳад дид“».


„Ҳар кӣ гӯш дорад, бишнавад, ки Рӯҳ ба калисоҳо чӣ мегӯяд“».


Lean sinn:

Sanasan


Sanasan