5 Баъд аз он банӣ‐Исроил тавба намуда, Худованд Худои худ ва Довуд подшоҳи худро ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва дар айёми онир бо тарс сӯи Худованд ва эҳсони Ӯ хоҳанд шитофт.
Ва он барои Ман исми шодмонӣ, ҷалол ва шукӯҳ пеши ҳамаи халқҳои замин хоҳад буд, ки онҳо тамоми некиеро, ки Ман ба он мекунам, хоҳанд шунид, ва аз боиси тамоми он некӣ ва тамоми он осоиштагие ки Ман ба он мебахшам, тарсида, ба ларза хоҳанд афтод.
То ки ту ба ёд оварда, хиҷил шавӣ, ва минбаъд ба сабаби нанги худ даҳонатро накушоӣ, вақте ки Ман ҳар чиро, ки ту кардаӣ, ба ту биомурзам, мегӯяд Худованд Худо».
Баъд аз айёми зиёде тафаққуд карда хоҳӣ шуд; дар солҳои охир ту ба замине хоҳӣ омад, ки он аз шамшер фориғ гардида, аз миёни қавмҳои бисьёр бар кӯҳҳои Исроил, ки ҳамеша харобазор буданд, ҷамъ карда шудааст, ва он аз миёни қавмҳо берун оварда шудааст, ва ҳамаашон дар амният сукунат доранд.
Аммо Худое дар осмон ҳаст, ки Ошкоркунандаи розҳост, ва Ӯ подшоҳ Набукаднесарро аз он чи дар айёми охир ба вуқӯъ хоҳад омад, огоҳ кардааст. Хоби ту ва рӯъёи сари ту бар бистари ту ин буд:
Ва банӣ‐Яҳудо ва банӣ‐Исроил бо ҳам ҷамъ хоҳанд шуд, ва як сардорро барои худ таъин намуда, аз он замин хоҳанд баромад; зеро ки рӯзи Изреъил бузург аст.
Дар он рӯз Ман хаймаи Довудро, ки фурӯ ғалтидааст, аз нав барпо хоҳам намуд, ва рахнаҳояшро таъмир хоҳам кард, ва харобиҳояшро аз нав барқарор хоҳам намуд, ва онро мисли айёми қадим бино хоҳам кард,